Пожертвовать
5 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойҶомеаБедаракшавии хонаводаи маҳбусони кушташуда дар зиндони Ваҳдат

    Бедаракшавии хонаводаи маҳбусони кушташуда дар зиндони Ваҳдат

    Субҳи имрӯз, 6-уми феврал, Сафармад Ҳасанов, пирамарди 85-сола ва падари Ҷамолиддин ва Сӯҳроб Ҳасанов, ки дар ҳодисаи ахири зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шамсуддин Шоҳин ҳамроҳ бо чанд тан аз занону кӯдакон бурда шудааст. Тибқи иттилои наздиконаш, аз онҳо то ҳол ҳеҷ хабаре нест.

    Наздикони Ҳасановҳо ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) хабар додаанд, ки субҳи имрӯз гурӯҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вориди манзили Сафармад Ҳасанов шудаанд ва ӯро ҳамроҳ бо занону кӯдакони аъзои оилааш бурдаанд. То ҳол мақомот дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд ва сарнавишти онҳо номаълум боқӣ мондааст.

    Ду бародар бе ҳузури наздикон ба хок супурда шуданд

    Ҷамолиддин Ҳасанов, сокини шаҳри Душанбе ва Сӯҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, дар зодгоҳашон бе ҳузури пайвандон ва бе иҷозати дидани ҷасадашон дафн карда шудаанд.

    Ба гуфтаи наздиконашон, мақомот имкон надодаанд, ки пайвандон қабл аз дафн ҷасади онҳоеро бубинанд, ки тибқи изҳороти расмӣ, дар ҷараёни ошӯби маҳбусон дар зиндони Ваҳдат кушта шудаанд. Пештар мақомоти Тоҷикистон шумораи расмии кушташудагонро 3 нафар эълон карданд, аммо тасвирҳо ва маълумоти бадастомада нишон медиҳанд, ки шумораи қурбониён бештар аст.

    Ному равшан боқӣ мондани сарнавишти боздоштшудагон

    Пайвандони Ҳасановҳо аз кушташудагон бе шарҳи расмӣ ва бидуни иҷозати дидани ҷасадҳо шикоят доранд. Онҳо ҳамчунин аз сарнавишти Сафармад Ҳасанов ва занону кӯдакони ӯ нигаронанд. Ҳанӯз маълум нест, ки мақомот ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд ё боздошт кардаанд.

    Бо дарназардошти ин ки дар гузашта наздикони маҳбусон пас аз ҳодисаҳои монанд бо таҳдиду таъқиб рӯбарӯ шудаанд, наздикони Ҳасановҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб доранд, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти онҳо маълумоти расмӣ пешниҳод кунанд.

    Мо ин қазияро пайгирӣ мекунем ва дар сурати пайдо шудани маълумоти нав онро нашр хоҳем кард.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!