Мақомоти милитсия боз як ҳолати фиреби мардум тавассути фолбиниву ҷодугарӣ-ро ошкор карданд.
Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, зимни роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Одинаева Ибодат Тойжонова, соли таваллудаш 1957, сокини кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳритус, бо гумони машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фиреби мизоҷон боздошт карда шуд.
Фиреби мизоҷон бо «олоти гурги модина»
Ба иттилои мақомот, Одинаева Ибодат худро ҳамчун донандаи илми ғайб муаррифӣ карда, ба фолбиниву сеҳргарӣ машғул будааст. Ҳамзамон, ӯ як қисми болопӯши пашмдори палтои занонаро ҳамчун «олоти гурги модина» ба мизоҷони худ пешниҳод намуда, онро барои 500 сомонӣ ба фурӯш баровардааст.
Парвандаи маъмурӣ боз шуд
Мақомоти тафтишотӣ нисбат ба дастгиршуда тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.
TajNews ин қазияро пайгирӣ мекунад ва дар сурати дастрас шудани маълумоти иловагӣ, шуморо огоҳ хоҳад кард.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.