Пожертвовать
5 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойКоррупсияДаҳҳо мансабдор бо гумони дуздии 120 млн сомонии сарбозони тоҷик ҷавобгар шудаанд

    Даҳҳо мансабдор бо гумони дуздии 120 млн сомонии сарбозони тоҷик ҷавобгар шудаанд

    Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон парвандаи 78 нафар мансабдорро барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифои кишвар ба додгоҳ фиристодааст.

    Пештар ин ниҳод гуфта буд, ки барои ин ҷиноят 52 масъули Вазорати дифоъ ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ боздошт шуда, тафтиши қисме аз парвандаҳо идома дорад. Оҷонсӣ дар бораи шахсияти боздоштшудаҳо чизе нагуфт. Мавқеи онҳо ё вакилони мудофеяшон низ ба иттиҳомот маълум нест.

    Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии мубориз бо фасод рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, “аз зарари расонидашуда тахминан 107,8 миллион сомонияш ба буҷети давлат барқарор карда шуд, вобаста ба 14,8 миллион сомонӣ барои барқарар кардани зарар аризаи даъвоӣ ба судҳо пешниҳод гардид.”

    “Дар инҷо 43 нафар аз ҳисоби кормандони Вазорати мудофиа, 3 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 нафар аз Вазорати молия боз аз дигар вазорату сохторҳои дигар ҳам дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҳамиштирок буданд,”—афзуд ӯ.

    Оҷонсии мубориза бо фасод хабари дуздиву аз худ кардани даҳҳо миллион сомонӣ аз Вазорати дифоъро моҳи феврали соли гузшта тасдиқ карда буд.

    Пулеро, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, ба гуфтаи мақомот, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст. Дилрабо Самадова, мудири созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин амал ба вазъу шароити қисмҳои ҳарбӣ таъсири манфӣ гузошта, дар ниҳоят ҷабри онро сарбозон мекашанд.

    Созмони Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International ) дар гузориши як соли пешаш гуфта буд, ки фасод дар Тоҷикистон расм шудааст. Ин созмон, ки меъёри фасод дар кишварҳои ҷаҳонро баҳогузорӣ мекунад, Тоҷикистонро як кишвари фасодзадатарини дунё номидааст.

    Манбаъ: Радио Озоди


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!