Пожертвовать
-0.2 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойСиёсатДар Ҳукумати Тоҷикистон маҷлиси васеи Ҳукумат идома дорад

    Дар Ҳукумати Тоҷикистон маҷлиси васеи Ҳукумат идома дорад

    Имрӯз, 17 январ, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат оғоз гардид. Тавре ки дафтари матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, кори маҷлис ҳоло идома дорад.

    Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ширкат доранд.

    Иштирокчиёни маҷлис инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи расмӣ ва дигар шахсони масъулро дар бар мегиранд.

    Маълумоти муфассал ва натиҷаҳои муҳокимаи ин маҷлиси муҳим дар нашрияҳои ояндаи TajNews нашр хоҳанд шуд.

    Бо мо бимонед барои ахбори бештар. TajNews — бо шумо ва барои шумо!


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!