Monday, July 14, 2025
ads
HomeФарҳангДастурамали либосҳои тавсиявӣ: Нашри такрорӣ бо тағйирот ва иловаҳо

Дастурамали либосҳои тавсиявӣ: Нашри такрорӣ бо тағйирот ва иловаҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, дар соли ҷорӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро бо илова ва тағйироти нав аз нав нашр намуда, ба мардум пешкаш кунад.

Ба иттилои АМИТ «Ховар», ин дастурамал аз 16 боб иборат буда, дар он тавсияҳо оид ба пӯшидани либосҳо барои наврасон, аз синни 7-сола сар карда, пешниҳод шудаанд.

Лоиҳаи мазкур бо саҳми намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, дар он пӯшидани либосҳо барои истифодаи ҳаррӯза, рӯзҳои истироҳатӣ, инчунин дар чорабиниҳои расмӣ ва ҷашну маросим пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки нашри нахустини ин дастурамал соли 2018 сурат гирифта буд ва ҳадафи он ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ ва мутобиқ сохтани намуди зоҳирии шаҳрвандон ба меъёрҳои миллӣ мебошад.

Нашри такрории дастурамал ба таҳкими ин ҳадафҳо равона гардида, интизор меравад, ки бо таваҷҷуҳи бештар аз ҷониби ҷомеа пазируфта шавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?