Имсол дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар бораи таҷлили бошукӯҳи ҷашни байнайлмилалии Наврӯз қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба имзо расидааст.
Гуфта шуд, ки дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар вилояти Хатлон чанд чорабинӣ, аз ҷумла ҳашар, ҷашнвораи вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон”, иқдомоти тарғиботии “Тоҷикона мепӯшем”, “Ин ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, “Зебо ватан дорам”, гузоштани ангораҳои наврӯзӣ дар майдону гулгаштҳо, ташкили намоиши “Файзи Наврӯз” бо дастовардҳои кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархони “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, қаннодӣ ва таомҳои миллӣ, баргузории маҳфилҳои наврӯзӣ бо даъвати олимону адибон дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили куштии миллӣ, чавгонбозӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, шатранҷ, консертҳои идона бахшида ба Наврӯз ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.