Шоми 4-уми феврал, шоҳзода Карим Оқохон IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, дар шаҳри Лиссабони Португалия дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.
Эълони вориси Оқохон IV
Тибқи иттилои Девони имомати исмоилӣ, пешвои ояндаи исмоилиён аллакай таъин шудааст, аммо номи ӯ пас аз маросими видоъ бо Оқохони IV дар рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.
Пайравони мазҳаби исмоилӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), низ аз ин хабар огоҳ шуданд ва интизори эълони номи раҳбари нави рӯҳонии худ ҳастанд.
Зиндагиномаи Оқохони IV
Шоҳзода Карим Оқохон 13-уми декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария ба дунё омада, пас аз даргузашти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони III соли 1957 дар синни 20-солагӣ имоми исмоилиён таъин гардид.
Ӯ 49-умин пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон буд ва 68 сол роҳбарии маънавии пайравони ин мазҳабро ба уҳда дошт.
Таҳсил ва фаъолияти илмӣ
- Мактаби Ле Розеи Швейтсария-ро хатм карда, баъдан таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҳарвард идома дода, таърихи ислом омӯхтааст.
- Муассиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи Оқохон мебошад.
- Поягузори Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм) ва Муассисаи мутолеоти исмоилӣ буд.
Нақши Оқохон дар рушди Тоҷикистон
Карим Оқохон чанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардааст, бахусус дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ва марҳилаи бозсозии баъдиҷангӣ нақши муҳим дошт.
Ба гуфтаи Радиои Озодӣ, кӯмакҳои ӯ шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавқеи ӯ дар гуфтушунидҳои сулҳ мусоидат кардааст.
Аз солҳои 2000-ум, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.
Оқохон инчунин Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро таъсис дод, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо тарҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро татбиқ мекунад.
Сафарҳои Оқохон ба Тоҷикистон
- 1995
- 1998
- 2008
- 2012 (сафари охирин)
Мероси Оқохон
Шоҳзода Карим Оқохон чор фарзанд дорад. Ӯро ҳамчун шахсияти маъруф ва роҳбари мазҳабӣ, ки на танҳо ба пайравонаш, балки ба тамоми башарият кумак кардааст, мешиносанд.
TajNews ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад ва дар сурати дастрас шудани маълумоти бештар, шуморо огоҳ хоҳад кард.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.