5.9 C
Лондон
Бахшҳо
    ДомойТоҷикистонСилсилаи кушторҳои пурасрори Конибодом: мардум дар тарсу ҳарос, мақомот дар ҷустуҷӯи қотилон

    Силсилаи кушторҳои пурасрори Конибодом: мардум дар тарсу ҳарос, мақомот дар ҷустуҷӯи қотилон

    Шаби 28 майи соли 2024, дар канори шаҳри Конибодом, 6 узви ду хонавода аз ҷамоати Лоҳутӣ ба таври пурасрор ба қатл расиданд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва ба яке аз пурбаҳстарин масъалаҳои рӯз табдил ёфт. То ҳол қотилон озод ҳастанд, ки боиси тарсу ҳарос миёни сокинони маҳаллӣ гардидааст.

    Аммо ин ҳодисаи мудҳиш танҳо як қисми силсилаи ҷиноятҳост. Танҳо дар ду моҳи охир – аз охири моҳи март то поёни моҳи майи соли 2024 – дар Конибодом 13 нафар ба чунин тарзи пурасрор кушта шудаанд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо хусусияти оилавӣ дошта, қурбониёни онҳо аксаран аъзои як хонавода будаанд.

    Аввали силсила: хонаводаи Шариповҳо

    Ин қазия бо куштори 5 узви хонаводаи Шариповҳо оғоз ёфт. Мақомоти тафтишотӣ он замон изҳор доштанд, ки гӯё Муҳиддинбой Шарипови 65-сола дар манзили истиқоматиаш аъзои хонаводаашро бо роҳи эҳтимолии буғӣ кардан куштааст. Дар ин фоҷиа ҳамсараш Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова, ва наберагонаш – Абӯбакр Шарипов, хонандаи синфи 3, ва Азиза Шарипова, хонандаи синфи 1-ум, ҷон бохтанд. Пас аз ин, Муҳиддинбой гӯё бо роҳи худовезӣ ба зиндагии худ нуқта гузоштааст.

    Мардум дар таҳлука, саволҳо бе ҷавоб

    Сокинони Конибодом мегӯянд, то ҳол шиддати тарсу нигаронӣ коҳиш наёфтааст. Онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб доранд, ки ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва ошкор кардани ҷузъиёти ин ҷиноятҳо шитоб намоянд. Аз ҷиҳати дигар, то кунун дар бораи сабабҳо ва ангезаҳои воқеии ин кушторҳо ягон маълумоти дақиқ ироа нашудааст.

    Талаби шаффофият ва амният

    Ҳодисаи охир на танҳо ҷомеаро ба ҳолати нооромӣ овардааст, балки саволҳои зиёдеро ба миён овард. Чаро мақомот то ҳол наметавонанд ин ҷиноятҳоро пурра таҳқиқ кунанд? Чӣ омилҳое сабаби ин силсилаи ҷиноятҳои пурасрор шудаанд? Ва оё ҷомеа метавонад ба адолат умед бандад?

    Мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазифадоранд, ки шаффофият ва самаранокии кори худро таъмин намуда, бо ҷиддияти бештар ба таҳқиқот машғул шаванд. Танҳо дар ин сурат метавон боварии мардумро барқарор кард ва амнияти ҷомеаро таъмин намуд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Минск, Белорус

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!

    Яндекс.Метрика