Пожертвовать
2.9 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойСиёсатТаъиноти кадрӣ: Навгониҳо дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон

    Таъиноти кадрӣ: Навгониҳо дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон

    9 январ 2025, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои навтаъиншуда дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мулоқот анҷом доданд.

    Дар доираи тағйироти кадрӣ, сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон ва прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

    Тағирот ҳамчунин ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар бар гирифт. Командирони воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо аз афсарони хатмкардаи муассисаҳои олии низомӣ ва дорои таҷриба таъин шуданд.

    Президенти мамлакат зимни мулоқот таъкид карданд, ки дар шароити мураккабу пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ, роҳбарон ва хизматчиёни ҳарбӣ вазифадоранд, ки амнияту суботи давлат, ҳифзи марзу буми кишвар ва дастовардҳои истиқлолиятро таъмин намоянд. Пешвои миллат аҳамияти мубориза бо қонунвайронкуниҳо, коррупсия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва таъмини фазои солими хизмати ҳарбиро таъкид намуда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи техникаву таҷҳизоти муосир ва омодагии ҷисмониро аз вазифаҳои муҳим номиданд.

    Манбаъ:

    Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!