Президенти ИМА Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки тибқи он трансгендерҳо дигар ҳақ надоранд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат кунанд.
Айни ҳол тақрибан 15 ҳазор шахсони дорои мақоми трансгендерӣ дар артиш хизмат мекунанд. Бар асоси фармони нав, онҳо бо далели «ноқобилият тиббӣ» аз сафи артиш озод карда мешаванд.
Инчунин, Трамп бо як фармони дигар барномаҳои баробарӣ ва фарогириро дар артиш бекор кард. Пештар ӯ амр дода буд, ки занҳои трансгендерро дар зиндони мардон нигоҳ доранд, ки ин қарор мавҷи интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард.
Ин иқдомҳо ҳамчун қисми сиёсати сахтгиронаи маъмурияти Трамп нисбат ба ҷомеаи ЛГБТ+ арзёбӣ мешаванд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.