Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоСохтмони НБО «Роғун»саривақтӣ иҷро мешавад?

Сохтмони НБО «Роғун»саривақтӣ иҷро мешавад?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Пиетро Салини, роҳбари ширкати «Салини Импреҷило», ки сохтмони НБО “Роғун”-ро ба уҳда гирифтааст мулоқот анҷом дод.

Дар ин бора дирӯз 31.01. 2017   дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар нашр кард.

Бино ба манбаъ дар ин дидор таъкид шудааст, ки баҳрабардории бамавқеъ аз ду турбинаи нахусти ин неругоҳ дар солҳои 2018 ва 2019 метавонад заминаи раҳоии Тоҷикистон аз буҳрони камбуди барқ дар фасли сарморо фароҳам кунад.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.

Ҷамшед Каримзода

Аммо чанд рӯз қабл Ҷамшед Каримзода муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки имсол барои идомаи сохти ин неругоҳ як миллиарду 700 миллион сомонӣ аз буҷа ҷудо хоҳад шуд, ки 200 миллион сомонӣ камтар аз соли 2016 аст. Ин дар ҳолест, ки қурби сомонӣ бар доллар нисбат ба соли гузашта хеле футур кардааст. Вале Каримзода сабаби кам ҷудо шудани маблағ нисбат ба соли гузаштаро унвон кард. Ин гуфтаи вазир аз он дарак медиҳад, ки нисбт ба соли гузашта имсол ба сохтмони нерӯгоҳ  маблағи камтар харҷ мешавад. Вале суоли матраҳ инҷост, ки чигуна сохтмоне, ки бояд  дар чандин соли дигар сохташуда ба истифода дода шавад ва роҳбари кишвар барои тезонидани кор ва сари вақт ба истифода додани он бо роҳбари ширкати сохтмонии Salini Impregilo вохурӣ анҷом додааст, ниёз ба маблағ имсол аз соли гузашта камтар будааст.

Пиетро Салини

Ширкати италиёвии Salini Impregilo соли гузашта дар як музоядаи байналмилалии такмили тарҳи неругоҳи Роғун баранда шуд ва сохти ин неругоҳро бар уҳда гирифт.

 

 

 

Сохтумони неругоҳи барқи обии Роғун дар 110-километрии шарқи шаҳри Душанбе аз 41 соли пеш дар замони Иттиҳоди Шуравӣ оғоз шуд ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ба иллати мухолифатҳои Узбекистон ва камбуди сармоя нотамом монд. Ин неругоҳ бо 6 турбина ҳар як бо тавони тавлиди 600 мегаватт барқ ва садди 335-метри бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика