Дар роҳпаймоии рўзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон наздик ба 1 миллион шаҳрвандон аз хонандагони мактаб то вазирон сафарбар хоҳанд шуд.
Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ ба мо гуфт, ки вазирони мақомоти қудратӣ низ бевосита дар маршировкаҳо низ иштирок доранд.
Аз соҳаи маориф зиёда аз 50 ҳазор донишҷӯ бо иловаи 5 ҳазор омўзгорони мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо низ ҷалб шудаанд. Имрўзҳо саҳни ҳавлиҳои донишгоҳҳо ва варзишгоҳҳои калону боғҳои фароғатӣ ба майдони тамрин табдил шудааст. Маркази пойтахт назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва Парчам шомгоҳон то соати 24 майдони тамрини сарбозони қисмҳои ҳарбӣ мебошад.
Дониҷуёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишкадаи забонҳо аз маршировкаҳои туллонӣ ва ташнагӣ ба ҳангоми тамрин шикоят мекунанд. Фарҳод, донишҷуйи Донишгоҳи миллӣ мегўяд, ки се моҳ боз тамрин мекунад, аммо то ҳол як сомонӣ ҳамчун роҳкиро ба даст нагирифтааст ва ҳатто об ҳам ба вақти гармӣ ба онҳо намедиҳанд.
Рўзи гузашта ҳам як гурӯҳ донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук аз шеваи маршировкаҳо нигаронӣ карда, “дод аз дасти маршировка гуфтанд”. Донишҷӯён мегӯянд, дар ҳоле нисфи умри ҳаёти донишгоҳиро ба тамрин пушти сар мекунанд, ки ҳатто ба онҳо роҳпуливу ғизо намедиҳанд, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм чанде қабл дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ҳар як донишгоҳ нақшаи хароҷоти марширофкаҳоро дорад ва барои ҳар як донишҷӯе, ки ба тамрин ҷалб мешавад ҳар моҳ 150 сомонӣ пардохт мегардад ва ҳамзамон бо нақлиёти махсус ба ҷойи тамрингоҳ бурда ва ба хона оварда мешаванд.
То рӯзи истиқлолият камтар аз 13 рўзи дигар боқӣ мондааст. Манижа донишҷӯйе, ки баъди нисфирӯзӣ ба маршировка меравад, мегӯяд, ки дигар ҷолибияти рӯзи роҳпаймоиро ҳис намекунад, зеро аз машқ хаста шудааст ва танҳо рӯзҳоро ба хотири тамом шудани тамрин мешуморад. Дар ҳоле, ки харҷи маршировкаҳои Манижа то рӯзи роҳпаймоӣ наздик ба 9 миллион долларо дар бар мегирад, Ӯ мегўяд, дар вақти тамрин ба як пиёла об ниёз пайдо мешавад, аммо нест ва бояд донишҷӯ худаш бихарад.
Имсол Тоҷикистон 25-умин солгарди истиқлолияте, ки аз собиқ Шуравӣ ба осонӣ ноилаш шуда буд, қайд мекунад. Ҷашнеро, ки буҷети хароҷоти он наздик ба 9 миллион доллар талаб мекунад.