Thursday, June 19, 2025
ads
HomeХабарҳоДИҚҚАТ: АКСҲОИ САҲНАҲОИ ХУНИН ВА ДАҲШАТАНГЕЗ! ШАХСОНИ АСАБИ ҲАССОС АЗ ДИДАНИ ОН...

ДИҚҚАТ: АКСҲОИ САҲНАҲОИ ХУНИН ВА ДАҲШАТАНГЕЗ! ШАХСОНИ АСАБИ ҲАССОС АЗ ДИДАНИ ОН ХУДДОРӢ ВАРЗАНД: Суратҳо ва ному насаби кушташудагон дар ҳодисаи хунини зиндони Ваҳдат

Ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Ваҳдат: ихтилофи маълумот дар бораи шумораи кушташудагон

Як манбаи боэътимод ба TajNews хабар дод, ки ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат воқеан рух додааст ва номҳои чанде аз кушташудагон низ ба даст расидаанд.

Феҳристи кушташудагон

Ба иттилои манбаи мо, ҳадди ақал 7 маҳбус дар ҷараёни ошӯби рӯзи 3-юми феврал кушта шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, дурустии ду ном тасдиқ шудааст, аммо боқимонда ҳанӯз таҳқиқ мешаванд. Номҳои онҳо чунинанд:

  1. Ҳасанов Суҳроб Сафармадович
  2. Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович
  3. Тилабов Али Тилабович
  4. Орузев Шаҳзод Ҷамшедович
  5. Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич
  6. Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович
  7. Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович

Изҳороти расмӣ ва ихтилофи рақамҳо

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба баёнияи расмии Вазорати адлияи Тоҷикистон ошӯбро тасдиқ кардааст, аммо шумораи кушташудагонро 3 нафар гуфтааст.

Аммо аксҳои дастрасшудаи редаксияи TajNews нишон медиҳанд, ки теъдоди кушташудагон 7 нафар аст. Ин ихтилоф дар маълумотҳо суолҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад ва зарурати таҳқиқи шаффофи ҳодисаро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусон бо истифода аз асбобҳои худсохти халланда ва бурранда ба нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳамла кардаанд. Дар натиҷа, се корманди зиндон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Баёнияи расмӣ сабаби ошӯбро қасди фирор аз зиндон арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки муҳофизон барои безарарсозии маҳбусон аз силоҳи оташфишон истифода бурдаанд.

Муҳофизон тибқи қонун амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд”, – омадааст дар баёния.

Тафсилоти бештар ва таҳқиқи ҳолат

Ба иттилои расмӣ, ҳоло вазъ дар маҳбас ба эътидол дароварда шудааст ва ба маҷруҳон ёрии таъҷилӣ расонида шудааст.

Аммо, тибқи манбаъҳои мустақил, эҳтимол меравад, ки шумораи кушташудагон бештар бошад. Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил аз кушта шудани то 10 маҳбус ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар хабар дода мешуд.

TajNews таҳаввулоти ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва бо дастрас шудани маълумоти иловагӣ, шуморо дар ҷараён хоҳад гузошт.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?