Рӯз аз рӯз фазои сиёсии Тоҷикистон тиратар ва рафтори бераҳмонаву номардонаи мақомдорони ин кишвар афзунтар мешавад. Дасти зулму истибдоди мақомоти низомӣ дароз ва фишору тазйиқ болои шаҳрвандон ҳамарӯза меафзояд. Аз зери зулму ситами ин ҳукумати золиму амниятиҳои ноҷавонмард ҳатто зану кудаку пиру бемор эмин нестанд. Ин зулм ва фишор то кай давом мекарда бошад, Худо медонад.
Имрӯзҳо мешунавем ва мехонем, ки ҳамсари якеро даъват кардаанд, ҳамсари дигариро боздошт намудаанд ба оилаи яки дигар фишор овардаанд. Зани беҷурму бегуноҳеро дар ивази шавҳараш гаравгон гирифта аз ҳуқуқи сафару дидорбинӣ бо хешовандон маҳрум намуда як модари бе ҷурму бегуноҳи дигарро ҷудо аз кудаки бечораи бемораш намуда як рузу ду руз дар боздоштгоҳ мавриди тазйиқу фишор қарор додаанд. Ин чи бедодист, магар ин ноҷавонмардон дил доранд?
Ба ҳама ин кумитаи занон ва оилаи ҶТ, ташкилотҳои дифои ҳуқуқи кудак, ҳуқуқи зан хомушу тамошобинанд.
Дар ин шабу рӯз, ҷанобони курсинишин ва бонувони масъул як бор хонаводаҳои худро дар ҷои ин хоҳарони мазлум тасаввур кунед.
Имрӯз хабари даъвати ҳамсари Руҳулло Тиллозода фарзанди Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ расонаӣ шуд.Тибқи маълумотҳо ин хоҳар, ки бӯе аз сиёсат набурдааст ва намедонад ки дар олам чи хабар ҳаст ва коре ҷуз ибодат ва тарбияти кӯдаконаш надорад, борҳо таҳқир ва аз ҷониби кормандони КДАМ лату кӯб шудааст.
Чанде пеш ҳангоми ҳомилагӣ ин ҳоҳарро соатҳо дар ҳолати пурсиш қарор доданд, ба ҳама маълум, ки пурсиши кормандони КДАМ чи гуна аст. Имрӯз бошад тифли ширхораи чормоҳа дорад, ва доим зери фишор ва назорати кумита қарор дорад. Тасаввур кунед, ин зулм агар барои як нафари дур аз эътқод мебуд ҳатман даст ба худкушӣ мезад. Вале ин хоҳар ҳамаро қисмат ва имтиҳон медонад ва медонад, ки дасти зӯр рӯзе барида ҳоҳад шуд.
Борҳо мегӯяд, ки бо ҳамсараш иртибот надорад, ҳамроҳи кӯдакони хурдсол сарбории волидонаш гаштааст, манзилашро мӯҳр задаанд, ҳатто либоси худ ва кӯдаконашро истифода карда наметавонад. Ин азият кам аст магар, ки боз соатҳо дар ҳолати пурсиш нигоҳ медоранд. Куҷост инсоф, куҷост раҳм? Хонавайрон кардед ақаллан монед се тифли маъсуми худро саробонӣ кунад. Ба ҷуз аз режими ДОИШ-ӣ, ки ҳамарӯза тавассути расонаҳо бохабар мешавем, дар куҷо дидед, ки бо гуноҳи хусуру шавҳар зан азият мешавад?
Даст бардоред аз сари мазлумон!
Ба қавли мардуми “ба ин дунё сутун намешавед», шумо ҳам беморӣ, пирӣ ва марг доред, бар худатон ва хонаводаатон раҳм кунед, то рӯзи ҷазо пушаймон нагардед. Медонед аз об рушантар ин хонавода ва дигар бародарон бегуноҳ ҳастанд, фармон аз боло гуфта худатонро ором насозед, Аз болои шумо мегуфтагӣ садҳо бор болотар ҳаст. Душманӣ бо миллат ва қасос аз зан магар ҷавонмардист? Аз гаравгонгирии як модари кудаки ширхорадор шарматон намеояд?
Мунисаи Солеҳ