Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоДуздӣ дар Тоҷикистон авҷ мегирад

Дуздӣ дар Тоҷикистон авҷ мегирад

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз то ба ҳол се хабар нашр шудааст, ки ҳар се ҳам дар бораи дуздӣ ва тасарруфи пулу мол бо роҳи зурӣ мебошад.

Дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Россия рӯзи 10-уми феврали соли ҷорӣ, марди 42-солаи сокини ноҳияи Хуросон, аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта, бо роҳи зўроварӣ 2 ҳазор сомониашро тасарруф намудаанд. вобаста ба ин дуздӣ кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 34-солаи сокини ноҳияи Фархорро бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.

Дар хабари дигар бошад марди 50-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои  дуздӣ дастгир шудааст.

Кормандони ВКД муаян намудаанд, ки гумонбаршуда 13-уми декабри соли 2016, аз хонаи истиқоматии зани 39-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзишашон 3000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамин тариқ, гумонбаршуда моҳи ноябри соли 2016, пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 34-солаи сокини дигари ҳамин шаҳр ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 8000 сомониро рабудааст.

Ба мақомоти милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми феврали соли 2017, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара, 19 сар чорвои хурди шохдорашро, ки арзишашон 5 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа кормандони милитсия гумонбари ҳодисаи дуздии мазкур марди 39-солаи сокини ноҳияи Данғараро дастгир намудаанд ва чорвои рабудашуда ба соҳибмулк баргардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир дуздиву ғорат ва тасарруфи моли мардум ба авҷи аъло расидааст.

Ҳолдонон мегӯянд, ки асосан зиёд ба қайд гирифта шудани дуздӣ нишонгари онаст, ки дар Тоҷикистон камбизоативу қашшоқӣ рӯ ба авҷ аст. Илова бар ин роҳҳои нонёбиву пулкоркунӣ барои мардум маҳдуд гардида, аксари имкониятҳои корӣ аз тарафи як гурӯҳ монополия шудааст. Аз тарафи дигар сафи бекорон дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони зиёда аз сесадҳазор нафар истирдодшуда аз Русия меафзояд. Дар ҳолати баста будани тамоми дарҳои нонёбӣ ба таври қонунӣ, яъне надоштани ҷои корӣ, мардум ночор мешавад даст ба чунин амалҳои нангин занад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика