Мақомоти Иёлати Калифорнияи Амрико ба сокинони навоҳии наздик ба обанбори Оровил расман муроҷиат карда гуфтаанд, то хонаҳои худро ҳарчӣ зудтар тарк кунанд ва ба ҷойҳои дуртар аз ин обанбор маскун шаванд.
Ҳамчунон, ки хабаргузории Би-би-си хабар додааст, таҳдиди зери об мондани навоҳии поёноби обанбори Оровил аз эҳтимол дур нест.
Обпартои ин обанбор дар ҳолати садама қарор дошта бар замми ин ба сабаби боришоти зиёди борон сатҳи оби обанбор ба таври ҷиддӣ зиёд шудаааст. Гуфта мешавад аз имкони идоракунӣ ва пешгирии садама берун аст. Таҳдиди фуруравии сарбанди обанбор ҳар лаҳза зиёд шуда истодааст.
Аз ин сабаб масъулини шаҳри ҳамноми обанбори Оровил ҳазорҳо сокинонро гуфтаанд, ки хонаҳои худро ба қасди дуртар аз обанбор ва ҷои бехавф тарк кунанд.
Дар таърихи 50-солаи обанбори Оровил, ки аз ҳама баландтарин бо баландии 230 метр дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико маҳсуб мешавад, ин бори аввал аст, ки ба хотири эҳтимоли фуруравии сарбанди ин обанбор 16 ҳазор нафар шаҳрвандон маҷбур ҳастанд, хонаҳои худ ва шаҳри худро тарк кунанд.
Айни ҳол вобаста ба ин мақомоти шаҳри Оровили Иёлати Калифорния ҳолати фавқуллода эълон намудаанд.