Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон тавони корофаринӣ барои неруи кори ҷавони дар ҳоли афзоиши ин кишварро надорад. Дар тозатарин бо ишора ба мушкилоти бозори кори Тоҷикистон бар талоши ин кишвар барои кумак ба бахши хусусӣ таъкид кардааст.
Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки яке аз тарҳҳои пешниҳодии ин ниҳод барои неруи кори ҷавони физояндаи ин ҷумҳурӣ кумак ба рушди бахши хусусӣ аст, ки заминаи коҳиши фақрро низ фароҳам хоҳад кард.
Аз сӯи дигар коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо ишора ба нотавонии иқтисоди Тоҷикистон барои корофаринӣ ва ҷазби неруи кории ҷавони ин кишвар мегӯянд, ки дар ним соли охир 36 ҳазор фурсати корӣ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Бар асоси ин гузориш бештари ин афрод фаъолони бахши хусусӣ будаанд, ки ба далелҳои мухталиф, аз ҷумла набуди фазои мусоиди кор аз фаъолият даст кашидаанд.
Ҳамчунин ба сабаби мушкилоти зиёди идорӣ, дарёфти иҷозатнома, молиёти зиёд ва тафтишҳои беш аз андозаи ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, камтар аз 12 дарсади мардуми Тоҷикистон тамоюл доранд, ки вориди бахши тиҷорат шаванд.
Аз ин рӯ Бонки Ҷаҳонӣ додани сабукиҳои бештар ба бахши хусусии Тоҷикистон ва ҳимояти ҳукумати ин кишвар аз тиҷорати хурд ва миёнаро хостор шуда аст.
Мақомоти давлати Тоҷикистон иддаои Бонки Ҷаҳониро дарбораи нархи бекории 43-дарсадӣ дар ин кишвар беасос медонанд.