Мақомоти интизомии Тоҷикистон модар ва духтари фаоли сиёсии тоҷик Шабнам Худойдоваро гаравгон гирифтаанд.
Имруз Шабнам Худойдодова ба Паём.нет гуфт, авохири моҳи декабри соли гузашта модар, духтар ва хушдоманашро чор нафар кормандони амниятӣ бо худ бурда дар ВКХ онҳоро бозпурсӣ, таҳдид ва таҳқир намудаанд. Баъдан шиносномаи ва ҳуҷатҳои дигари модар ва духтарашро кашида гирифта то ба ҳол бознагардонидаанд. Модари Шабнам дар тамоси телефонӣ гуфтааст, кӯшиши зиёд барои бозпас гирифтани шиноснома ҳеҷ натиҷае надодааст.
Кормандони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба модари Шабнам Худойдодова гуфтаанд, ба шумо шиносномаҳоятон бозгардонида намешавад. Агар кӯшиши аз Тоҷикистон баромадан кунед аз худи фурудгоҳ боздоштатон мешавед, саратонро кал намуда абадӣ ҳабсатон мекунем. Ҳама нишасту хести шумо, то рафту омадатон ба ҳоҷатхона зери назорати мо аст.
Шабнам Х. бо духтараш
Фаоли сиёсӣ, Шабнам Худойдодова бо тааҷҷуб мегуяд, аз он рӯзҳое, ки ман ба чунин мушкилиҳои ҳуқуқӣ дучор шудам, ҳамеша қонунҳои Тоҷикистонро аз интернет гирифта мехонам, аммо дар кадом қонун, бо кадом ҷиноят омада шудааст, ки ҳуҷҷати кудаки нуҳсоларо КДАМ бо зурӣ дар идораи худ нигоҳ дорад? Ингуна қонун дар куҷо омадааст. Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст. Тоҷикистон магар соҳиб дорад? Ё ингуна ҳуқуқҳои ваҳшиёна ба кормандони мақомоти қудратӣ бо қонунҳои нонавишта дода шудаасту мо намедонем?
Худойдодова мегуяд, айни ҳол омодагӣ мебинад, то ба созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин бора шикоят барад. Мегӯяд чанд сол шуд духтарашро надидааст. Духтараш азоби равонӣ мекашад.
Шабнам аз он нигарон аст, ки духтарашро дар мактабу дар кучаҳо модарат терорист гуфта таҳқир мекардаанд. Дар суҳбати телефонӣ ҳатто духтараш гуфтааст ингуна зиндагӣ кардан намехоҳам.
Суҳбати пурраи Шабнам Худойдодоваро инҷо бишнавед:
Шабнам Худойдодова фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳудуди 8 моҳ дар зиндони Беларус бо хоҳиши Тоҷикистон, ки истирдоди уро мақомоти Тоҷикистон талаб карда буд, зиндонӣ шуда буд. Баъдан бо пуштибонии Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва Созмони Милали Муттаҳид ба озодӣ баромад. У аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо иттиҳоми “даъватҳои оммавӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ” ва “ташкили созмони экстремистӣ” дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Аммо худи у мегуяд ягон фаъолияти экстремистӣ накардааст ва танҳо ба хотири талош аз ҳуқуқҳои шаҳрвандияш уро муттаҳам ба чунин ҷурмҳо кардаанд. Шабнам Худойдодова айни ҳол ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ дар кишвари Полшаи Иттиҳоди Аврупо ба сар мебарад.