Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоКаромати одамӣ ва ҳуқуқи башар

Каромати одамӣ ва ҳуқуқи башар

Инки дар Қуръони маҷид ба сароҳат аз каромати одамӣ сухан рафтааст дар он ҳеҷ шакке нест ва ҳар муъмине ба он бовар ва яқин дорад.

Аммо оё каромати одамӣ бад-он гуна, ки дар ояи карима омадааст, бо он чӣ, ки дар бораи баробарии ҳуқуқии инсонҳо дар дунёи модерн гуфта шудааст, дақиқан ба як маъно аст?

Дигар инки агар ин дуро ба як маъно надонем, оё миёни каромати одамӣ ба мафҳуми қуръонӣ ва ҳуқуқи башар ба маънои модерн носозгорӣ вуҷуд дорад, ё инки бо вуҷуди тафовут миёни онҳо метавон байни онҳо  созгорӣ дид?

Касоне ки ба далели поён будани сатҳи мутолиоташон, тағйироти парадигмаӣ (маҷмӯае аз андешаҳо, боварҳо, арзишҳо ва чаҳорчӯбҳои фикрӣ ва фарҳангие, ки барои як ҷомеа ба сурати улгӯ ва сармашқ даромадаанд) миёни ҷаҳони модерн ва ҷаҳони пешомодернро дарнамеёбанд ва аз дарки тафовути бунёдини ин ду марҳила аз таърихи башар оҷизанд, маъзур шумурда мешаванд,  агар дучори суитафоҳум шаванд.

Барои ин дӯстон, на касоне, ки муғризона бо масоил бархӯрд мекунанд, ин тавзеҳотро арз мекунам:

Фаҳми тағйироти парадигмаӣ миёни дунёи модерн ва пеш аз он барои дарки ин нукта бисёр кӯмаккунанда аст. Дунёи пешомодерн заруратҳое дошт, ки бархе аз онҳо аз реша бо заруратҳои дунёи кунунӣ дар тафовут балки дар тазод аст. Барои мисол, мафҳуми табъиз, табъиз бар асоси нажод, дин, ҷинсият ва ғайра дар дунёи имрӯз мафҳуми мушаххасу таърифшуда аст ва норавоии он яке аз заруриёт шумурда мешавад ва ҳар гоҳ фарде, ҳизбе, идеологияе, ҳукумате, фарҳанг ва ё мазҳабе ба он муттаҳам шавад, аз тарафи пайравони он кӯшиш мешавад, ки ин иттиҳом аз он дафъ гардад. Агар модда ва мавзӯъе дар асоснома ё таолим ва омӯзаҳои он вуҷуд дошта бошад, ки дарбаргирандаи табъиз бошад, талош хоҳад шуд, ки таъвил ва тавҷеҳоте ҷуста шавад, то он иттиҳом бартараф гардад.

Дар дунёи пешомодерн на танҳо вуҷуди табъиз дар зиндагии рӯзмарра амри пазируфта талаққӣ мегардид, балки аз назари мафҳумӣ ва фикрӣ низ саволе мутаваҷҷеҳи он набуд. Аз ин рӯ, инсонҳои қадим мепиндоштанд, ки гӯё асл ин аст ки шуморе аз мардум ғулом бошанд ва шуморе озод. Ин амр чунон мусаллам менамуд, ки барои касе пурсише дар бораи чароӣ? чистӣ? ва чӣ гунагии он пайдо намешуд. Ҳеҷгоҳ баҳсе бар меҳвари он сурат намегирифт. Танҳо коре, ки мешуд кард, тавсияи ахлоқӣ ба рафтори нек бо ғуломон буд. Ин табъиз танҳо миёни ғулом ва озод вуҷуд надошт, балки миёни марду зан, миёни пайравони дини худӣ ва бегона, гоҳо миёни атбоъи як нажод то нажоди дигар низ ҷорӣ буд ва касе ба он эътироз намекард. Ин амр чунон бо тору пуди фарҳанги башарӣ дар ҳам танида шуда буд, ки аз бузургтарин фалосифаи Юнон то бисёре аз раҳбарони мазҳабӣ дар ғарбу шарқи ҷаҳон онро мусаллам мепиндоштанд ва тасаввур мекарданд, ки асл ҳамин аст ва қарор аст, ки ҳамеша ингуна бошад.

Ин мисоле, ки баён шуд, метавонад то ҳадде вазъияти парадигмаиро тавзеҳ бидиҳад, аммо табъан мафҳуми парадигмаӣ печидатар аз ин аст ва танҳо ба умури ҳуқуқӣ хулоса намешавад, балки навъи боварҳои одамӣ дар бораи табиат. Масалан инки ҷаҳон аз чаҳор унсур ташкил шудааст ва аксари тағйирот бар ин поя тавзеҳ дода мешавад, намунаи дигар аст. Ё тасаввури инки замин маркази олам аст ва хуршед ба даври замин доим дар ҳаракат аст ва инки замин аз ҳафт иқлим ташкил шуда ва кӯҳи Қоф бар он иҳота кардааст. Инки сарзаминҳое барои деву парӣ вуҷуд дорад ва инки хуршед дар осмони чаҳорум қарор дорад. Ҳазорон маврид аз ин гуна ҳаст, ки дар шеъру адаб, фалсафаву нуҷум ва дигар улуми қадим ба шакли ҳақиқатҳои зурурӣ матраҳ мешуд ва дар огоҳии оммаи мардум ҳузур дошт.

Маҷмӯи ин боварҳо ва бунёдҳои фикрӣ вазиятеро ба вуҷуд меовард, ки ба он вазъият парадигмаӣ мегӯянд.

Дунёи модерн танҳо бо тағйири нигариш дар бораи одамӣ шакл нагирифт, балки бисёре аз боварҳо дар бораи замин, осмон, каҳкашонҳо, мавҷудоти зинда, унсурҳои табиат, таърих, ҷомеъа, ҳунар, фарҳанг, тамаддун ва амсоли инҳо тағйир кард ва гузариши бузурге дар ҷаҳон иттифоқ афтод, ки бахше аз он гузариш дар арсаи бинишҳову донишҳо аст. Бахши дигар гузариш дар арсаи имконот ва васоили зиндагӣ аст. Маҷмуи ин гузаришҳо ба тағйири густарда дар ҷаҳон анҷомид, ки истилоҳан ба он тағйири парадигмӣ гуфта мешавад. Имрӯз мо ба гунае дар бораи мафҳумҳое монанди фарҳанг, тамаддун, ҷомеъа ва амсоли инҳо сухан мегӯем, ки гӯё инҳо ҳақиқатҳои мусалламе аст ва ҷойи ҳеҷ саволу шарҳ нест. Зеро ин мафҳумҳо бахше аз парадигми ҷаҳони модерн аст. Дар ҳоле ки бисёре аз ин истилоҳот дар гузашта вуҷуд надошт ва ё агар дошт, ба ин маъно ба кор намерафт. Дар наёфтани ин фарқ, ки истилоҳоте монанди ҳукумат, сиёсат, ҷомеъа, ҷомеъаҳои маданӣ, ҳуқуқи башар ва садҳо истилоҳи дигар танҳо бар заминаи парадигмии ҷадид маънои нави худро пайдо кардаанд, яке аз далилҳое аст, ки суитафоҳумҳои густардаеро ба вуҷуд меоварад. Иддае ба сарфи вуҷуди бархе аз ин истилоҳот дар гузашта, тасаввур мекунанд, ки ин истилоҳот дар он замон айни маъноеро доштааст, имрӯзиҳо ба кор мебаранд.

Мафҳуми ҳуқуқи башар, ки имрӯз ба кор меравад, шомили каромати башар ҳам ҳаст. Зеро вақте касе дорои каромат, яъне арзишу эътибор набошад, ҳаққе ҳам ба ӯ тааллуқ намегирад. Аммо тафовути он бо каромати одамӣ дар гузашта дар ин аст, ки дар он ҷо каромати одамӣ ба мисли ҳукми ом буд, ки ба осонӣ бо шартҳои дигар метавонист ихтисос биёбад ва хусусан бо қайди ақида. Касе, ки дорои эътиқоди ғалат шинохта мешуд дар поёнтарин дараҷа қарор мегирифт ва аз чаҳорпоён гумроҳтар дониста шуда, палид талаққӣ мегардиду доманаи каромати ӯ ба шиддат маҳдуд мегардид. Аммо каромате, ки дар дунёи модерн мавриди баҳс аст ва ҳуқуқи башар мекӯшад аз он посдорӣ кунад, таъкид бар асли каромати ӯ ба ҳайси инсон аст, бо сарфи назар аз инки дорои чӣ ақидаву равиш дар зиндагӣ бошад. Инчунин таъкид мешавад, ки шаҳрвандони як сарзамин бо ҳар эътиқоде ки бошанд, аз назари ҳуқуқӣ дар ҷойгоҳи баробар қарор доранд. Ва ба назар мерасад аз миёни фуқаҳои  барҷастаи мо танҳо Имом Абуҳанифа, (рҳ) ин баробариро ба расмият шинохтааст. Аммо оё вуҷуди тафовути мафҳумӣ миёни каромат дар баёни қуръонӣ ва каромат дар маънои имрӯзӣ ба маънои носозгории ин ду бо ҳам аст?  Ба назари нигоранда ва низ бисёре аз навандешони динӣ, ин ду мафҳумро метавон бо ҳам оштӣ дод, агар бо нигоҳи мақосидӣ ба омӯзаҳои қуръонӣ нигариста шавад, на нигоҳи қишре аз тарафдорони таълимоти ифротӣ. Бо нигоҳи мақосидӣ метавон таҳаввулотеро, ки дар дунёи модерн иттифоқ афтода ва ниҳодинасозии ҳуқуқи башарро осон кардааст, идомаи ҳамон масире донист, ки Қуръони маҷид шуруъ карда буду Паёмбари гиромии Ислом(с) бо нафйи бартарӣ миёни сафеду сиёҳ, арабиву аҷамӣ, қурайшиву ғайриқурайшӣ, кӯшид умматашро дар масире қарор бидиҳад, ки саранҷом ба ҳамин нуқта мерасид. Аммо ба далели ғалабаи баъзе ҷараёнҳои ифротӣ дар таърихи Ислом ва ба ҳошия рафтани орои фуқаҳои аҳли раъй, ин таҳаввул ба таъхир афтод ва ба дасти мардумони дигар дар сарзаминҳои дигар рақам хӯрд ва ҷаҳони имрӯз аз он дарича бо ин мафҳумҳо ошно гардид.

Агар нигаришҳои қишри тарафдорони  таълимоти ифротӣ ҳамчунон бар ҷомеаи исломӣ бартарӣ дошта бошад, мо ҳамчунон аз таҳаққуқи мақосиди дини Ислом оҷиз хоҳем монд ва бояд сабр кунем, ки ин ифтихоротро мардумони дигар ба номи худ сабт кунанд. Ҳол онки агар мабонии фикрии аҳли раъй ва хирад дар байни мусалмонон тақвият шаваду қишригарӣ ба ҳошия ронда шавад, ҷаҳони Ислом дар бӯҳронҳои кунунӣ, ки на танҳо каромати умумии инсонҳо, ҳатто каромати инсони мусалмонро низ дар ҷомеъаи исломӣ ба хатар андохтааст, беш аз ин гирифтор нахоҳад монд.

Донишманди афғон Муҳаммад Муҳиқ

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика