Муборизаи шадиди кормандони КДАМ алайҳи сатрпӯшон дар ноҳияи Рӯдакӣ норозигии сокинонро ба бор овард. 15-уми феврали соли 2017 чанд шоҳид ва як ҷабрдидае, ки нахостанд номашон расонаӣ шавад, хабар доданд, ки дар кучаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ гурӯҳе аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) реди сатру риш баргузор карданд.
Ба гуфтаи яке аз ин шоҳидон, ҳайати редкунанда тақрибан даҳ нафарро ташкил медод ва онҳо бо ҳар нафари сатрпӯш ё ришдоре во мехурданд, чунон бархурди дағалонае мекарданд, ки тарафи муқобил маҷбур мешуд ҳарфи ноҷо ё қабеҳеро ба забон биорад.
Шоҳиди дигар мегӯяд, ки дар назди маркази савдои «Бустон»(паҳлуи бозори марказии ноҳия) занеро иҳота карда маҷбур карданд, то сатрашро бигирад. Чун ин зан муқобилият нишон дода, бо садои баланд аз худ дифоъ мекард: «Шумо чӣ ҳақ доред, аз Аллоҳ наметарсед…», дар чанд лаҳза мардуми зиёде ҷамъ шуданд. Аз ин ҳолати издиҳом намояндагони амниятӣ нороҳат шуда, дар ҳол коғазу қалам гирифта аз ин зан ному насаб ва суроғаашро гирифтанду ҷавобаш доданд.
Шоҳиди дигаре илова карда мегӯяд, ки ҳатто телефони дастии ин занро аз дасташ ба зур гирифта рақамашро ёфта дар коғазе навиштанду баъдан ҷавобаш доданд…
Ин бори аввал нест, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ шикор алайҳм занони сатрпӯш гузаронида шавад, ҳафтае пеш яке аз буновони сатрпуш (ба хотири ҳифзи амнияти ин бону номашро намеорем) ба мо хабар дод, ки дар назди дари беморхонаи занонаи ноҳия, ки чанд моҳ пеш президенти кишвар лентаашро бурида ба кори ин беморхона оғоз бахшида буд, гуруҳе иборат аз мардону занон истода, занҳои ҳиҷобпӯшро намегузоштанд ба беморхона дароянд. Ин бону мегӯяд чун манро маҷбур карданд илоҷ надоштам сатрамро гирифта баъдан дохил шудам.
Аҳкомиддини Муҳаммад махсус барои «ПАЁМ»