Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоНасиҳати раисҷумҳур ба писараш: “ Ту гушна нестӣ…, ба мардум дағалӣ накун”...

Насиҳати раисҷумҳур ба писараш: “ Ту гушна нестӣ…, ба мардум дағалӣ накун” (ВИДЕО)

Дар мулоқоти раисҷумҳур бо фаъолони шаҳри Душанбе, ки дирӯз 15 феврал дар Кохи Борбад баргузор шуд, Рустамӣ Эмомалӣ низ суханронӣ кард. Зимни суханронӣ Рустами Эмомалӣ ваъда кард, ки ҳамчун кадри ҷавон тамоми малакаи дониш ва таҷрибаи худро истифода хоҳад.

Аз раисҷумҳур барои бовар карда таин намуданаш ба ин вазифаи пурмасъулият изҳори миннатдорӣ намуд.

Баъди баромад ва суханронии Рустами Эмомалӣ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз фурсати муносиб истифода бурда ба писараш насиҳат намуд. Ҳис мешуд насиҳати у бештар ба нишонии дигар ҳам ҳаст. Вале ин насиҳатҳоро ба писараш карда гуё мегуфт хатои дигаронро такрор накун. Маълум буд, ки ба Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи шаҳр, ки ҳатто ба ин мулоқот даъват нашуда буд, заҳрзанӣ мекунад:

“Дар муошират, муомила дағалӣ накун. Ҳеҷ гоҳ ба дағалӣ роҳ надеҳ. Забони покиза дошта бош. Ин замонаҳои пеш буд, дағалӣ кардан ва ба кас суханҳои қабеҳ задан обруи сиёсатмадорро муаян намекунад, баракс сатҳи пасти маърифати инсонра нишон медиҳад. Нисбати зердастон ва фаолоне, ки якҷоя кор мекунед агар камбудӣ карда бошад, хубаш даъват карда як ду бор дар толор камбудишро фаҳмонда деҳ. Нашуд фармонашро барор”

Гуфтан мумкин аст, ин ҳарфҳои раисҷумҳур барои он буд, ки ҳамагон медонанд, шаҳрдории собиқ бениҳоят сахтгир ва нисбати зердастонаш дағал муносибат мекард. Дар ин бора дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле матлабҳо нашр шуда буданд.

Дар идомаи насиҳаташ раисҷумҳур ба писараш гуфт,  бо вуҷуди он, ки кадрҳои болаёқат зиёданд ман туро дидаву дониста таин кардам, Зеро агар каси дигар таин мешуд, кор кардан намемонданд:

“Ту гушна нестӣ. Туро ягон кас фишор оварда наметавонад. Ба ту ягон кас гуфта наметавонад, ки ин мансабро гирифта ба инаш деҳу ваяшро ба ваяш. Ман барои ҳамин туро таин кардам. Агар каси дигар мешуд намекардам. Агар ҳар касеро таин намекардам, ягон вазирро таин мекардам, дар панҷ соли дигар ягон кор кардан намемонданд. Ман дидаю дониста ин корро кардам. Бениҳоят мутахассисони хуб дорем, кадрҳои бениҳоят соҳибистеъдод дорем, бонангу номус дорем. Ман ёфта интихоб кардам. Ман сиёсати шуморо дидам, дар коррупсия, гумрук ва дигару дигар, ана ҳамунро идома деҳ ҳамеша”

Насиҳатҳои Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ дар ҳузури фаолон гуё як тиру ду нишон буд. Гуё сабабҳои аз кор рондани Муҳаммадсаид Убайдуллоевро якбора бидуни гирифтани ном ё ишора ба ягон шахс гуфта мегузашт. Кам- кам аз суханҳояш буи таҳдид ба шаҳрдории собиқ ҳам меомад:

“Аввал як проблемаи асосие, ки дар шаҳр ҳаст, инҷо агентии назорати коррупсия, палатаи ҳисоб ва дигар сохторҳо ҳастанд. Вазифаи шумо паст кардани шиддати коррупсия. Аз мақомоти ҳокимияти шаҳри Душанбе сар карда. Ноҳияҳо, асосан додани иҷозатнома ба соҳибкорон, замин, бунёди сохтмон, иншоотҳо ва умуман пурра аз бар кунед.”  

Ҳини суханронии худ низ раисҷумҳур  раёсати агентии молия ва мубориза зидди корупсияро вазифадор кард, тафтиши фаолияти шаҳрдории собиқ то санаи якуми июли соли ҷорӣ ба охир расад.

Дар идомаи насиҳат ба писараш раисҷумҳур  ба хеле ҷавон будани Рустами Эмомалӣ ишора карда гуфт, дар сину соли ту ман нав раиси совхоз таин шуда будам. Шаҳр проблемаҳои зиёд дорад, бояд огоҳона кор кунед. У афзуд: “Ту ҷавон ҳастӣ, бениҳоят ҷавон ҳастӣ. Ман сину соли ту нав директори совхоз таин шуда будам. Шаҳр ҳозир проблемаҳояш ҳам зиёд. Бисту чор соат камӣ мекунад. Лекин ҳамроҳи мардум кор кун. Бо соҳибкорон кор кун. Боз мегуям муомилаи хуб кун. Ягончи қонуншиканӣ кардан даркор нест. Халқи мо халқи бениҳоят хуб аст. Ба қадри хизмат мерасанд. Роҳбарро нигоҳ мекунанд аз рафтору кирдораш. Дасту дилу нияти пок доштан даркор.”

Ин мулоқоти раисҷумҳур дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳ пеш санаи 12-уми январ бо як фармон шаҳрдории собиқ, дуюмин шахси бонуфузи кишвар Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз вазифааш барканор ва ба ҷои у писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи шаҳрдорӣ таин шуд.

Аз паи сабукдуш шудани Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз вазифааш, шаҳрдории навтаиншуда Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии зидди коррупсия ва дигар мақомотҳо талаб кард, ки фаолияти шаҳрдорӣ тафтиш карда шавад.

  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика