Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоУбайдуллоев аз худ ҳимоят мекунад!?

Убайдуллоев аз худ ҳимоят мекунад!?

Маҷлиси Миллӣ лоиҳаи тағйирот ба қонун дар бораи “мақомоти амниятиро” баргардонд. Қаноатшо Лиқзода раиси ноҳияи Рашт ва узви Маҷлиси миллӣ гуфтааст, ки дар лоиҳа беиҷозат ворид шудан ба хонаи шаҳрвандон пешниҳод шудааст, аммо дар кадом ҳолатҳо ворид шудан мушаххас нагардидааст. Қобили зикр аст, ки раиси Кумитаи Амниият С. Ятимов дар маҷлиси намояндагон ҳангоми муаррифии лоиҳа аз он дифоъ карда буд. Аммо ҳоло Маҷлиси Миллӣ бо роҳбарии Убайдуллоев онро баргардондааст.

Аз тарафи дигар ҳангоми гузориши Пракурори Генералӣ Юсуф раҳмон дар маҷлис Убайдуллоев хитоб ба ӯ гуфтааст, ки санҷишу тафтишҳои беасосро бас кунанд. Ба ҷои ин кор бо сули ташвиқу таблиғ барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо талош кунанд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз барканории Убайдуллоев аз мақоми Мири шаҳри Душанбе, президент Раҳмон дастур додааст, ки то 1 уми июл мавориди масрафи будҷа дар шаҳри Душанбе санҷида шуда, натиҷааш ба ӯ гузориш дода шавад. Президент ҳамчунин бо ишораи ғайримустақим аз кори Убайдуллоев интиқод намуд, ки ин гумонҳоро дар бораи ба сарнавишти З. Саиду Ёқубу дигарон гирифтор шудани Убайдуллоев тақвият бахшидааст.

Ҳоло ба назар мерасад Убайдуллоев ҳам ба ин натиҷа расидааст, ки ором нишастану коре накардан маънои марги тадриҷиро дорад. Яъне метавонад баъди чанде бар асоси натиҷаи тафтишоти агентӣ мисли З. Саид ӯ ҳам вориди зиндон шавад.

Агар ҳоло ҳам Убайдуллоев ба умеди бахшида шудан ё интизори чизи дигаре аз Раҳмон бошад пас хеле содда аст ва дар асл марги тадриҷиро барои худаш интихоб кардааст.

Аммо ба назар мерасад ӯ бекор нишастанӣ нест. Аллакай корашро оғоз кардааст. Аммо вақт нишон медиҳад, ки ӯ муваффақ мешавад ё Раҳмон боз ҳам яке аз ёрони бовафояшро қурбони мансабу мақом мегардонад!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика