Ба «тартибдарорӣ»-и риши домулло боиси холӣ мондани минбари яке аз масоҷиди ҷомеъи ноҳияи Нуробод хоҳад гашт.
16-уми феврали соли ҷорӣ манобеъи муътамад аз ноҳияи Нуробод ба мо хабар дода гуфтанд, ки имомхатиби 60-солаи яке аз масҷидҳои ин ноҳияро масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) даъват карда гуфтаанд, ки ришашро «соз» кунад. Ба иттилои манбаъ, ин мард ба хонааш баргашта, ришашро ба «тартиб» дароварда, сипас аз фарзандаш хоҳиш мекунад ки ӯро акс гирифта ва ба идораи КДАМ-и ноҳия фиристад.
Фарзанди ин домулло риши ба «тартиб» даровардаи падарашро ба шӯъбаи КДАМ-и ноҳия ирсол мекунад ва аз он тараф корманди кумитаи амият баргашта занг мезанад, ки ришашро аз нав ба тартиб дарорад, зеро ин риши ба «тартибдароварда шуда» ба ин масъул маъқул нашудааст ва бояд ришашро ин марди солхӯрда тавре ба тартиб дарорад ,ки писанди онҳо бошад.
Манбаъ мегӯяд ин имомхатиб ҳайрон мондааст, ки дар ин синну сол ва байни мардуми таҳҷоӣ ин амрро иҷро кунад ё аз баҳри минбари масҷид гузараду паи ризқу рӯзӣ дар канори хонавода ба кори саҳро машғул шавад.