Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМулоқоти вазирони корҳои хориҷии Афғонистону Тоҷикистон баъди тазодҳо

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Афғонистону Тоҷикистон баъди тазодҳо

Имрӯз 16 феврали соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот анҷом дод.

Дар ин бора ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш нашр кардааст.  

Бино ба манбаъ дар ҷараёни мулоқоти вазирон ва музокироти ҳайатҳо масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд. Дар партави дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар ва тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, бар зарурати роҳандозии иқдомҳои муштарак ва тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва соҳаҳои дигар таъкид гардидааст.  

«Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти нақши нерӯҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ менамояд.»

Бояд қайд намуд, ки Салоҳиддин Раббонӣ бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов ба Тоҷикистон сафар кардааст. Бино ба маълумотҳо қарор аст Салоҳиддин Раббонӣ дар ҷараёни ин сафар бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Олӣ низ мулоқот намуда  дар бораи таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, транзитӣ, фарҳангӣ ва мубориза бо чолишҳои муштараки ду кишвар баҳс ва табодули назар намоянд.

Қобили зикр аст , ки сафари ВКХ Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ба Тоҷикистон  дар ҳолест, ки чандест иддаоҳо дар мавриди кӯмаки низомии Русия тавассути Тоҷикистон ба ҳаракати Толибон расонаӣ мешавад. Аз ҷумла дар авохири моҳи декабри соли гузашта Умар Софӣ, волӣ ё раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон, зимни сӯҳбат бо радиои паштузабони “Spogmai” гуфта буд, ки кӯмаки низомии Русия ба Толибон тавассути Тоҷикистон  сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва сабаби ду бор суқут кардани ин вилоят шудааст.

Ҳамчунин авохири соли сипаришуда сафири Афғонистон дар Русия Абдулқаюм Кучай ки амаки раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ ҳам будааст, дар як гуфтугӯи телевизионӣ, Тоҷикистонро як кишвари беҳуввият ва роҳбарони онро муттаҳам ба мафиябозӣ ва қочоқи маводи мухаддир карда буд.

Дар ин росто, 31-уми декабри соли 2016 сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буд. Ба ӯ ёддошти эътирозӣ, ки дар он нигаронии шадид ва тааҷҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези сафири Афғонистон дар Русия нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон баён гардидааст, супурда шуд. Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби  Афғонистон қотеона тавсия дода буд, ки суханони номатлуби шахси расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва чораҳои муассир андешида шаванд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика