Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЭрон барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод мекунад

Эрон барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод мекунад

Роҳбари генералии “Роҳи оҳан”-и вилояти Хуросони Разавии Эрон гуфтааст, Эрон барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод мекунад.

Муҳаммадҳодӣ Зиёимеҳр, роҳбари генералии “Роҳи оҳан”-и Хуросони Разавӣ дар ин нишаст ибрози умедворӣ кардааст,  ки алюминий ва пахта, ки ду маҳсули стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, тавассути Бандар-Аббоси Эрон транзит мешаванд. Зиёимеҳр афзудааст, Эрон барои транзити ин ду маҳсули Тоҷикистон 26 дарсад тахфифи транзитӣ роҳандозӣ хоҳад кард.

Розия Алирзоӣ, раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати устони Хуросони Разавӣ низ дар нишасти сеҷониба, ки рузи 16-уми феврал дар Машҳад баргузор шудааст, гуфт, “Эрон бар асоси сиёсатҳои иқтисодӣ — муқоваматӣ бояд содиротро ба Тоҷикистон ва Туркманистон афзоиш диҳад. Алиризоӣ аз байн бурдани мамнуиятҳои гумрукӣ ва тезонидани ҳамоҳангиҳои байнидавлатиро барои осонсозии мубодилоти иқтисодӣ аз ҳадафҳои асоситарини баргузории нишасти сеҷонибаи Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Машҳад донистааст.

Дар нишасти якрӯзаи ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷамъи зиёде аз соҳибкорон, масъулон ва сармоягузорони иқтисодӣ аз кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи осонсозии додугирифти тиҷорӣ миёни се кишвар баҳсу табодули назар карданд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?