Sunday, July 6, 2025
ads
HomeХабарҳоРейди руймол дар поликлиникаи №14 (Ё боз як амали ифротии мақомот)

Рейди руймол дар поликлиникаи №14 (Ё боз як амали ифротии мақомот)

Азизи Нақибзод хабарнигори  маъруфи кишвар дар саҳифаи иҷтимоии худаш як аксро гузошта, навиштааст, ки дар поликлиникаи №14 реди руймол рафтаистодааст. Ӯ кутоҳ ба он ишора кардааст, ки аз занони ҳиҷобдор талаб мекунанд руймолҳои худро майда банданд.

Дар шарҳи ин акс ва навишта дар як муддати кӯтоҳ коментҳои зиёде пайдо шудааст. Тамоми назарнависон нафрати худро нисбат ба ин кори мақомот  иброз кардаанд.

Аз ҷумла яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахси ошно барои муҳоҷирон Иззат Амон менависад: Ба ин мегуянд таҷовуз ба номуси занҳои мусалмон. Марги мо мусалмонҳо бод, ки чор то биникашоли фискашол хоҳарону занҳои моро таҷовуз ба номусашон мекунанду мо хамуш. Чанде пеш ҳамин гуруҳи душмани ислому муслимин ва ҳиҷобу риш дар ана ҳамин поликлиника рейд гузаронида чандин хоҳарону модарони муҳаҷҷабаро бо худ гирифта бурда буданд”.

Худи муаллифи акс хабарнигори маъруф ҳам дар шарҳ навиштааст: “Ба ин рӯз ҳам расидем. Рӯймол аз сари хоҳару модари тоҷик мекашанд. Ин чӣ фарҳангест? Фарҳанги худӣ ҳамин аст магар? Ба Худо ин фарҳанг фарҳанги миллати ман нест! Фарҳанги барбарист”!

Корбари дигаре ба номи Алӣ Ҳофиз навиштааст, ки: Ман ба хохарону модарон хитоб мекунам!Ин имтихони Илохи аст сабр кунед ачру мукофот мегиред иншоАллох.
Мо бародарони ба ном имонии шумо дар мукобили ин тогуту тогутпарастон хеч мукобилият нишон надодем моро бубахшед…

Ин дар ҳоле аст, ки дирӯз яке аз манбаъҳои Паём.нет ҳам ба мо хабар дода буд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони амният даст ба чунин як ҷинояти ифротгароёна задаанд. Пас аз нашри хабар баъзеҳо мегуфтанд ин воқеият надорад. Аммо ба назар мерасад ифротиҳои амниятӣ намехоҳанд аз ин корашон даст бардоранд. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд ба эҳсосоти мардуми диндор нохун зада онро ҷариҳадор намоянд.

Ҳукумате, ки барои мардумаш на маош дода метавонаду на ҷои кор, на соҳаи таълимаш ҷавобгуи меъёрасту на тандурустиаш ва фасод дар рагу пайвандаш ҷорист чаро бояд даст ба ин кор бизанад?

Дар паси ин сиёсатҳои шуми зидди миллӣ ва зиддидинии ин ҳукумат кӣ истодааст? Оё намедонанд, ки ин дигар аз тамоми меъёрҳо гузаштан аст?

Аз тарафи дигар дар беморхона истода шахсонеро ки ё худашон беморанд ё ягон наздикашонро барои дармон овардаанд, ингуна озор додан магар ба ягон меъёри инсонӣ мегунҷад?

Оқибати ин сиёсатҳои зиддимилливу зиддидинӣ чист барои ҳамагон ошкор аст. Яъне ҳамин амалҳо ҳастанд, ки ҷомеаро ноором мекунанд. Ҳаминҳо ҳастанд, ки ифротгароиро месозанд. Ҳаминҳо ҳастанд ки ободиву оромии ватанро намехоҳанд. Вагарна пушидани либос бо оромиву ободии кишвар чӣ рабте дорад?

(акс аз саҳифаи муаллиф)

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?