Saturday, November 15, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетКДАМ ва сиёсати «манқуртсозӣ»дар Тоҷикистон

КДАМ ва сиёсати «манқуртсозӣ»дар Тоҷикистон

20-уми феврали 2017, гуруҳе аз ифротгароёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ба манозили фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамла карданд.

Ин ифротгароёни КДАМ хона ба хонаи мухолифон ҳамла карда, занону кӯдакон ва дар маҷмӯъ тамоми аҳли хонаводаро таҳдид намуда гуфтанд, ки аз ҳар гуна тамос бо фаъолони ҲНИТ, ки дар байни онҳо фарзандону пайвандони онҳо низ ҳастанд, худдорӣ кунанд.

Ҳамзамон ин ифротгароён, ки амалан усули кориашон аз ҷинояткорон ва чеҳраашон аз даррандагон фарқе намекард, манзилҳо ва тамоми телефонҳои мобилии ин хонаводаҳоро тафтиш карда, рақамҳои «машкук»-ро ҷӯё мешуданд.

Ҳамзамон ин ифротгароён аксу суратҳои фаъолонро нишон дода мегуфтанд, ки «инҳоро мешиносед, бо инҳо тамос мегиред?!» Дар посух қисме аз кӯдакону наврасони ин хонаводаҳо ҳатто аз тарс падарони худашонро ҳам радд карда, ҷавоб медонанд, ки мо онҳоро намешиносем.

Ин аст сиёсати «хирадмандона»-и Ҳукумати Тоҷикистон, ки мардумро  аз тарс «манқурт» месозанд ва маҷбур мекунанд, ки фарзанд аз падар ва падар аз фарзанд даст кашад, чун вақте, ки қонун амалӣ намешавад ва Шодӣ ба ҷои Ҳодӣ муҷозот шуда, адолат поймол ва миллат ба нестӣ мерасад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?