Пас аз пирузии Доналд Трамп дар Амрико ва ҳимояти ошкори ӯ аз яҳудиён ва суханҳои тундаш алайҳи мусалмонон, баъзеҳо аз ин фурсат истифода бурда мехоҳанд чеҳраи мусалмононро дар ин кишвар махдуш намоянд. Гуфта мешавад дар ду ҳафтаи гузашта ду бор шахсони номаълум ба пулис занг зада таҳдид кардаанд, ки дар 7 маркази яҳудиён бумб гузоштаанд. Аммо дар ҳеҷ як аз ин маконҳо бумбе пайдо нашуд ва пулиси Амрико эълон кард, ки таҳдидҳо дурӯғ буданд.
Аммо дар як иқдоми дигар шахсони ношинос гуристони яҳудиёнро тахриб кардаанд ва сангҳои онро ба кулли шикастаанд. Ба назар мерасад ҳадаф аз ин амал боз ҳам нафратпароканӣ нисбат ба мусалмонон ва аангехтани кинаву нафрат байни адён аст.
Аммо як гурӯҳ мусалмонони ин кишвар дар як иқдоми инсонӣ ва исломӣ ҷамъоварии маблағ барои таъмири қабристони яҳудиёнро шурӯъ карданд. Ҳадафи онҳо таъмири қабристони тахрибшуда ба хотири ҳамбастагӣ байни адён мебошад.
Бо вуҷуди онки Давлати Исроил алайҳи мардуми Фаластин даст ба ҷиноятҳои ваҳшатноке задаву ҳатто теъдоди зиёди кудакони фаластиниро ҳам зиндонӣ кардааст, аммо ин амали давлати Исроил аз яҳудиён ҷудо аст. Ислом ҳам ба мусалмонон дастур додааст, ки бо пайравони дигар адён дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунанд ва ба муқаддасоташон эҳтиром бигзоранд.
Ин иқдоми мусалмонони Амрико ҳам намунаи олии зиндагии мусолиматомез ва эҳтиром ба муқаддасоти пайравони дигар динҳост.
Ба назар мерасад ҷомеаи амрико новобаста аз пайрави кадом дин буданашон мехоҳанд ҳамбастагӣ ва ҳамзистии мусолиматомези худро ҳифз кунанд. Чанде пештар ҳам баъзе аз ҳунармандони ғайримусалмон ва маъруфи ин кишвар ба хотири ҳимоят аз мусалмон либоси исломӣ ба тан карданд.