إنالله و إليه راجعون
Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Худо аст.
23-юми феврали соли 2017 хонум Зулайхо хоҳарбузурги Зарафо Раҳмонӣ дар синни 46-солагӣ дунёи фонниро падруд гуфт. Хонум Зулайхо Хоҷаева баъд аз ҳафт моҳи бистарӣ, ки пеш аз он мубталои бемории саратон буд, аз ин дунё чашм пӯшидааст.
Пайвандон Хонум Зулайхо мегӯянд, «ифротгароёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) медонистанд, ки ин хонум гирифтори бемории саратон аст, аммо бо ин вуҷуд болои вай ва хонаводаашон то ҳафт моҳи пеш хеле фишор меоварданд.
» Ба гуфтаи онҳо, «ин ифротгароён хонум Зулайхоро дар моҳи июли соли 2016 ӯро ба муддати беш аз 10 соат боздошт ва мавриди пурсишу фишор қарор дода будан ва баъд аз онҷо ба хона омадан, бистарӣ гардида, аз роҳ рафтан монда буд.»
Зарафо Раҳмонӣ собиқ мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо дигар аъзои Раёсати олии ин ҳизб ва дигар аъзову ҷонибдорони он, ки ҳудиди 200 нафарро ташкил медоданд, боздошт ва баъди як сол аз зиндон озод гардид.