Имрӯз ҷанозаи Давлат Ибронов, пардари ҳоҷӣ Мирзо дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҷасади ӯро дар қабристони Сари Осиёи пойтахт ба хок месупоранд.
Давлат Ибронов падари ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии маъруфи кишвар дирӯз дар шаҳри Душанбе дар хонаи ҳамин писараш дар синни 90-солагӣ аз олам чашм пушида буд. Дирӯз пайвандони марҳум эълон карда буданд, ҷанозаи марҳум дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад ва ҷасад ҳамон ҷо ба дафн хоҳад шуд, аммо ахиран тасмим гирифтанд, ки тамоми маросими ҷаноза дар пойтахт гузаронида шавад.
Ҳоҷӣ Мирзо, яке аз воъизони суннатии кишвар буда, бо амри маъруфу насиҳатҳои ҷолибаш дар кишвар ва хориҷ мухлисони зиёдеро касб кардааст.
PS. Ҳайати эҷодии «Паём.нет» ҳам ин мусибатро ба Ҳоҷӣ Мирзо тасалият гуфта, аз Худованди маннон барои марҳум биҳишти ҷовидон ва барои домуллои азиз сабри ҷамил мехоҳанд.