Метавон ба бебандубории низоми сиёсӣ анҷом бахшиду тарҳи нав дарандохт.
Метавон қашоқии бардавомро решакан карду гуруснагиро дур андохт.
Метавон бесаводиро маҳв карду нури маърифатро танинандоз гардонд.
Метавон ба беадолатиҳои системанокшуда хотима доду ба тантанаи адолат шоҳид шуд.
Метавон роҳи баромад аз садҳо мушкилоту бунбастҳоро пайдо кард.
… аммо танҳо ба як шарт, ки ҳисси тарсу изтиробро канор андозем!
Тарсу изтиробе, ки мақомоти кишвар дар се соли охир ба баданаи ҷомеаи фаъоли кишвар ворид карданд, охирон коре буд, ки метавонистанд бикунанд. Гӯё истротежикхо (Маркази тадқиқоти стратегӣ дар назар нест) ва идеологҳои ҳукумат ба дарки ин нукта ба хубӣ расидаанд, ки аз афроди тарсу миллати шуҷоъ ба миён намеояд ва ин ба нафъашон аст. Бо офаридани фазои тарсу изтиробомез роҳи шуҷоъату шарофати ояндаи миллатро тира мекунанд. Албатта, ин фазо ва адами нафарони шуҷоъ дар давраи кутоҳи чандрӯзае ба нафъи навкисаҳову навдавлатҳои ҳукуматдор мебошад, вале дар ояндаи начандон дур ҳатто ба суди онҳо нахоҳад буд…
Дар ҷое ба ин мазмун хонда будам, ки вақте миллат асир шуд, хору хафиф мешавад, оҳиста оҳиста ба ин бадбахтӣ одат мекунад. Расми мардонагиву далерӣ фаромуш мешавад.
Шайх Муҳаммади Хиёбонӣ, аз озодихоҳони нимаи аввали садаи 20 дар Эрон гуфтааст: «як миллати тарсу ба зудӣ дар чанголи ҳар мустабиди ситамгар гирифтор меояд.»
Мақомдорони кишвар, агар хоҳони онед, ки ба миллат хидмат кунед, пас даст аз тарсофаринӣ бардоред! Накунед, ки ин миллат ҳатто шуҷоъати дифоъ аз худро аз даст диҳад.
Гар рӯзи беҳӣ мехоҳем, бояд так-такамон шуҷоъ бошем!
Тарс бошад марги садҳо орзӯ,
Эй тфӯ бар тарсу тарсӯ тфӯ! (…)
Аз саҳифаи фесбукии Абдуазим Абдуваҳҳоб