Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоНизоми ангуштнигорӣ барои вуруд ба донишгоҳ назарфиребӣ ё пешгирӣ аз тақаллуб?

Низоми ангуштнигорӣ барои вуруд ба донишгоҳ назарфиребӣ ё пешгирӣ аз тақаллуб?

Вазорати маорифи Тоҷикистон имсол барои ҷилавгирӣ аз ба ҷои довталаби ҳақиқӣ ворид шудани каси дигар дар имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳ, низоми ангуштнигориро (отпечатка пальцев) ҷорӣ карданист.

Мақомоти Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз ҳатмӣ шудани ангуштнигорӣ (отпечатка пальцев)  барои довталабони дохилшав ба донишгоҳҳои ин кишвар хабар додаанд.

Ин ниҳод иллати чунин иқдомро пешгирӣ аз тақаллуб ва иштироки афроди дигар ба ҷойи довталабони дохилшав ба донишгоҳҳо номидааст.

Абдулвосит Юлдошов, муовини Маркази миллии тестии Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки соли гузашта ду мавриди ширкати афроди дигар ба ҷойи довталабони озмуни вурудии донишгоҳҳо дар давраи каршиносии аршад ифшо шуда буд, ки бо ташхиси бамавқеи кормандони ин марказ, ин афрод шиносоӣ шуданду аз ҳузури онон дар озмун ҷилавгирӣ шуд.

Абдусалом Одиназода, як фаоли иҷтимоии тоҷик, ки таҳсилдидаи чандин макотиби олии ҷаҳонӣ аст, мегӯяд,  ин гуна низом дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон вуҷуд надорад ва хандаовар ҳам ҳаст. Бояд бигӯям, ки суде ҳам нахоҳад дошт. Мушкили асосӣ дар система аст. Фарҳанги донишгоҳҳои Тоҷикистон ва дар умум дастгоҳи давлатии ин кишвар на фақат фасодро лаънат намекунад, балки фасодро система ҳамчун чизе мешуморад зарурӣ ва мусбӣ. Инаст, ки барои назарфиребӣ ингуна низомҳо ҷорӣ мешаванд вале ҳеҷ суде надорад, ҳамоно решаи фасоду тақаллуб дар об боқӣ мемонад.

Илоҷ, мутаассифона як аст: кулли ашхоси масъулро ба хона фиристодан ва бунёди системаи ҷадид дар асоси арзишҳои ҷадид ва бо одамони ҷадид.  На фақат дар дастгоҳи омузишиву парваришӣ. Дар кулли дастгоҳҳои давлатии Тоҷикистон.

Шифохон Саидова, омӯзгори мактаби миёна дар ин бора гуфт,  имкони дохилшавӣ барои бачаи камбағал ҳам бидуни тағобозиву тақаллуб айни ҳол дар кишвар вуҷуд дорад, аммо дониши мукаммал мебояд. Чун ҳоло макотиби миёна аз сояи илм маблағ ба даст меоранд, дониш камёб аст.

Инро ҳам бояд қайд кард, ки дар мактабҳои деҳот тахмин 75-80 фоизи хонандагон бидуни ҳеҷ тайёрие ба дарс, ба мактаб меоянд. Китобхонаҳои макотиби деҳот қариб, ки фаол нестанд. Аммо мебинем, баъди хатми мактаб ҳамон хатмкунандагоне, ки дар дарс фаол набуданд, баҳои баланд намегирифтанд, тавассути супоридани имтиҳон ба ММТ аз имтиҳони қабул гузашта донишҷӯ шудаанд.

Маркази миллии тестии Ҷумхурии Тоҷикистон бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон феврали соли 2014 таъсис дода шудааст ва зери назорати бевоситаи президент мебошад.

ММТ дар 29 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои махсус барои сабти номи довталабони дохилшав ба донишгоҳҳо таъсис додааст.

Имсол хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон барои дохил шудан ба 34 донишгоҳ ва 47 омӯзишгоҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?