Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМасоҷиди Ӯзбекистон дарҳои худро боз мекунанд

Масоҷиди Ӯзбекистон дарҳои худро боз мекунанд

Тибқи маълумоти дастрасшуда, раисҷумҳури Ҷумҳурии Ӯзбкистон Шавкат Мирзиёев, дастур додааст, ки масоҷиди қаблан мамнӯъ дар маҳалҳо бари худро ба рӯи намозгузорон боз намоянд.

Аксари масоҷид, ки дар маҳалҳо фаъолият доштанд, дар замони ҳукмронии Ислом Каримов аз фаъолият бозмонда, солҳо ин ҷониб дар онҳо намоз гузорида намешуд. Дар ҳар ноҳия ва шаҳр як адад масҷид ба ҳуқуқи намозгузории мусалмонон дастёб шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Мирзиёев, раҳбари феълии Ӯзбекистон дари масоҷиди мамнӯъро дубора ба рӯи мусалмонон кушодааст ва ҳоло дар хонаҳои Худо омодагӣ ба намозҳо идома доранд. Муддати як даҳсола, ки онҳо баста буданд, асбобу анҷомашон парешон буд. Ҳоло мутасаддиён шароити намозгузориро дар н масоҷид дубора муҳайё месозанд ва тахмин меравад, ки аз нимаи дуюми моҳи апрел имкони гузоридани намозҳо сад дар сад фароҳам меояд.

Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, дар масоҷиди маҳалҳо ба намозҳои ҷорӣ рухсат дода шудааст. Намоҳи рӯзи ҷумъа дар онҳо хонда намешаванд. Намози Ҷумъа танҳо дар масоҷиди ҷомеъ баргузор мегардад. Инчунин намози рӯзҳои ид ҳам ҳар масоҷиди ҷомеъ гузаронида шуда, масоҷиди маҳалҳо аз ин имкон бархӯрдор нестанд. Ин иқдоми ҳукуматро мусалмонони Ӯзбекистон бо мамнуният пазироӣ намуда, дар ҳаққи президенти кишвари худ дуои хайр мекунанд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки рӯ ба халқ оварад ва соли 2017ро дар кишвараш «Соли гуфтугӯ бо мардум» унвон намуда, бештар аз дардҳои ҷомеа меандешад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика