Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз пароканда кардани иштирокдорону меҳмонони намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе, ки аз ҷониби созмони “Мултикид” ташкил ва баргузор шуда буд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Манзура Ҷӯраева, роҳбари созмони баргузоркунандаи намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа, ба созмони эътилоф изҳор доштааст, ки намояндагони милиса хеле дағалона иштирокдоронро пароканда карда, аксу наворҳоро нобуд намудаанд.
Дар изҳорот омадаст, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз пароканда шудани иштирокчиёни сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, ки бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби ширкати таълимии «Мултикид» бояд баргузор мегардид, изҳори нигаронӣ мекунад.
«Донишҷўён ва волидони онҳо, ки аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳ омада буданд, инчунин меҳмонони хориҷӣ бо шеваи тунд пеш карда шуда, маводҳои видеоӣ ва аксӣ нобуд карда шуданд»,- иброз дошт раҳбари «Мултикид» дар суҳбати худ бо ВАО.
Намоишгоҳ бояд рўзҳои 1-2-юми апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар ошёнаи 2-юми бинои «Душанбе Плаза» баргузор мегардид.
Айни замон ба хотири ҳуҷҷатгузории нақзи ҳуқуқи иштирокчиёни намоишгоҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кӯмаки зарурии ҳуқуқӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба ҳамаи онҳое, ки аз амали кормандони милиса зарар дидаанд ё шоҳиди нақзи ҳуқуқи инсон гаштаанд, муроҷиат мекунад, то бо рақамҳои боварии 98-708-76-76 ва 98-787-66-66 дар тамос шаванд.
Ёдовар мешавем, намоишгоҳи мазкур 1-2 апрел дар ошёнаи дуюми бинои “Душанбе Плаза” дар назар буд. Дар пайи пароканда кардани намоишгоҳ Вазорати маориф ва илм изҳор дошт, “Мултикид” бидуни иҷозатнома ин иқдомро пеш гирифтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз амали маъмурини милиса ҳимоят карда, гуфт, онҳо қонуншикание накардаанд. Ҳатто сафарбар намудани донишҷӯён барои таҳсил ба хориҷи кишвар бо мусоидати созмони “Мултикид”-ро мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ унвон карданд.
Қобили қайд аст, ки пароканда намудани иштироккунандагон ва меҳмонони ин намоишгоҳ, сару садоҳоеро ба миён овард. Хусусан бисёре аз ҷавононе, ки хостори таҳсил дар хориҷи кишвар буданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин муносибати мақомоти пулисро муғризона ва сад гузоштан ба пешравии илму дониш дар Тоҷикистон унвон карданд.