Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоКитоби “Хуррамобод”-и Андрей Волос Тоҷикистонро ба харитаи адабии ҷаҳон ворид кард

Китоби “Хуррамобод”-и Андрей Волос Тоҷикистонро ба харитаи адабии ҷаҳон ворид кард

Нашрияи бритониёии «The Independent» харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад.

Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон бо асарҳои Чингиз Айтматов — «Джамиля» (Ҷамила) ва «Дольше века длится день» (Рӯзи дарозтар аз қарн) муаррифӣ шудаанд. Аз Федератсияи Россия Лев Толстой бо асари «Война и мир» (Ҷанг ва сулҳ) пешниҳод шудааст.

«Хуррамобад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Роман соли 2000 дар Москва нашр шуда, маҷаллаи «Новый мир» муаллифро ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Россия пешниҳод намуд ва ин ҷоиза бо фармони Владимир Путин ба ӯ тақдим гардид.

Зимни эзоҳи роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамобад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

Ҳарчанд боиси хушнудист, ки пойтахти Тоҷикистон бо асари нависандаи русзабон васф мешавад ва туфайли ин асар ба харитаи адабии ҷаҳон ворид мешавад, вале боиси таассуф ҳам ҳаст, ки худи адибони тоҷикзабон то ба ин ҳад натавонистаанд аз пойтахти кишвари хеш васф кунанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика