Wednesday, June 18, 2025
ads
HomeХабарҳоҚатори тезгарди «Ҳарамайн»то охири сол ба роҳ хоҳад афтод

Қатори тезгарди «Ҳарамайн»то охири сол ба роҳ хоҳад афтод

        Ҳукумати Арабистони Саудӣ нақша дорад соли оянда қатораи баландсуръатеро ба истифода диҳад, ки се шахри бузурги ин кишварро ба ҳам мепайвандад. Ин хатсайри роҳи оҳан “Ҳарамайн” номгузори шуда, байни шаҳрҳои Ҷидда, Макка ва Мадинаи Мунаввара равуо хоҳад кард.

         Дар ин бора рузномаи “ал-Мадина” бо нақл аз Румайҳа Ар-Румайҳа, мақомдори Раёсати нақлиёти ҷамъиятӣ ва роҳи оҳани Саудӣ (SRO) хабар додааст.

           “Дар  нақша аст корҳои сохтмонӣ то охири соли равон ба итмом расанд” — гуфт Ар-Румайҳа ва дар идома афзуд, дар ҳоли ҳозир корҳои санҷишӣ дар хатсайри Мадина — Рабӣ идома дорад.

          Тибқи иттилои охир, дар корҳои релсчинӣ то Макка танҳо 20 км боқӣ мондааст.  Аз 450 км роҳи охан дар хатсайри Макка ва Мадина наздик ба 430 км роҳ релсчинӣ шудааст.

        Ин қатораи баландсуръат масофаи байни Макка ва Мадинаро дар 2,5 соат ва масофаи байни Ҷидда ва Маккаро дар 30 дақиқа тай хоҳад кард.

       Бояд гуфт, дар мавсими ҳаҷ ин кишварро аз 2 то 3 миллион танҳо ҳоҷиён зиёрат мекунанд ва зиёдшавии мусалмонон ва ба ин тартиб зоирони хонаи Худо, ҳукумати Саудиро водор ба чунин нақшаҳо кардааст. Ва ин хатсайр мувофиқи талаб буда, мушкилоти ҳоҷиёнро ба маротиб осон хоҳад кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?