Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоВазорати илм ва маориф: Фаъолияти «Мултикид»ғайриқонунӣ буд

Вазорати илм ва маориф: Фаъолияти «Мултикид»ғайриқонунӣ буд

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар самти тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва дар ин замина, барои фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ба хориҷи кишвар, баъзе аз муассисаву ташкилотҳо ғайриқонунӣ, бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти мақомоти дахлдор амал мекунанд ва ё бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ба қатори ин гуна муассисаҳо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази таълимии «Мултикид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешавад

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, «ташкилоти номбурда, новобаста аз он ки аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф огоҳонида шудааст, хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан моддаи 33 ва 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амал намуда, барои ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саъю талош дошта, дар ин самт бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Бояд зикр намоем, ки чунин ҷамъияту марказҳо бе мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдор наметавонанд бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дар ин самт ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монанд».

Ба гуфти Эҳсони Хушбахт, «фаъолияти ташкилоти «Мултикид» дар самти фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар ва вобаста ба он ташкил намудани намоишгоҳ ғайриқонунӣ буда, ин амал сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт сарфи назар мекунад. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё ташкилоте, ки ягон намуди иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолият надорад, метавонад барои баргузории намоишгоҳ ва ё фиристодани донишҷўён ба хориҷи кишвар саҳм бигирад?».

Рӯзи гузашта Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз пароканда кардани иштирокдорону меҳмонони намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе, ки аз ҷониби созмони “Мултикид” ташкил ва баргузор шуда буд, изҳори нигаронӣ карда дар сайти расмии худ нашр карда буд.

Ин Созмон дар изҳороти худ эълон кард, ки ба хотири ҳуҷҷатгузории нақзи ҳуқуқи иштирокчиёни намоишгоҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кӯмаки зарурии ҳуқуқӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба ҳамаи онҳое, ки аз амали кормандони милиса зарар дидаанд ё шоҳиди нақзи ҳуқуқи инсон гаштаанд, муроҷиат мекунад, то бо рақамҳои боварии 98-708-76-76 ва 98-787-66-66 дар тамос шаванд.

Ёдовар мешавем, намоишгоҳи мазкур 1-2 апрел дар ошёнаи дуюми бинои “Душанбе Плаза” дар назар буд. Дар пайи пароканда кардани намоишгоҳ Вазорати маориф ва илм изҳор дошт, “Мултикид” бидуни иҷозатнома ин иқдомро пеш гирифтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз амали маъмурини милиса ҳимоят карда, гуфт, онҳо қонуншикание накардаанд. Ҳатто сафарбар намудани донишҷӯён барои таҳсил ба хориҷи кишвар бо мусоидати созмони “Мултикид”-ро мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ унвон карданд.

Қобили қайд аст, ки пароканда намудани иштироккунандагон ва меҳмонони ин намоишгоҳ, сару садоҳоеро ба миён овард. Хусусан бисёре аз ҷавононе, ки хостори таҳсил дар хориҷи кишвар буданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин муносибати мақомоти пулисро муғризона ва сад гузоштан ба пешравии илму дониш дар Тоҷикистон унвон карданд.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика