Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҚурби доллар дар бозори сиёҳи Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расид. Дар Спитаменбонк...

Қурби доллар дар бозори сиёҳи Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расид. Дар Спитаменбонк ба 10

Як ҳафтаи охир, дар натиҷаи поёнбарии қурби сомонӣ аз тарафи Бонки миллӣ, қурби доллар дар бозори сиёҳ ба 9 сомонӣ расидааст. Дар фурӯшгоҳи пинҳонии Спитаменбонк доллар вобаста ба ҳаҷми харид, аз 9 то 10 сомонӣ арзиш дорад.

Тибқи иттилои манобеи “Паём” дар бозори сиёҳи Хуҷанду Истаравшан доллар ба ивази 8,90-8,95 фурӯхта шуда, дар бозори сиёҳи пойтахт ба 9 сомонӣ расидааст. Дар натиҷаи дар як ҳафта 2,2 дарсад поён бурда шудани қурби сомонӣ аз тарафи Бонки миллӣ, беқурбшавии пули миллӣ дар бозори сиёҳ шиддат гирифта, фарқи қурби расмиву бозори сиёҳ афзоиш ёфтааст. Аммо дарёфти маблағҳои бузург дар бозори сиёҳ мушкил будааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷузъ Эсхата ва Спитаменбонк ҳеҷ бонки дигари кишвар ҳозир нест ба мардум доллар фурӯшад. Меъёри фурӯши пули амрикоӣ дар ин бонкҳо ба ҳар даст 100-120 доллар аст. Он ҳам агар харидор тавонист дар навбати бузург то расидан ба назди хазина сабр кунад.  

Маблағҳои бузургро танҳо бо иҷозаи шахсии Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳур ва ноиби аввали раиси Бонки миллӣ метавон харидорӣ кард. Аммо қурби доллар дар ин ҳолат аз 9 то 10 сомонӣ аст, ки ҳади онро ҳаҷми доллари харидоримешуда ва манбаӯи пайдоиши он аст. Агар ҳаҷм на он қадар бузург ва манбаи пайдоиши пулҳо софанд, қурб минималӣ, яъне 9 сомонӣ аст. Ҳар қадаре ҳаҷм зиёдтар шуд ё манбаи даромад шубҳаноктар, қурб болотар меравад. Дар ҳамин ҳол долларро метавон танҳо дар “Спитаменбонк”, ки мутааллиқ ба…. Ҷамолиддин Нуралиев аст, пайдо кард.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?