Вазири умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир имрӯз 6-уми апрел раҳбари созмони ҳаҷҷу зиёрати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Муҳаммадӣ ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфтааст, дар ин бора пойгоҳи хабарии Саудӣ SPA хабар додааст.
Ҳайъати ҶИЭ ба хотири гуфтугузор дар масъалаи ҳаҷҷи имсола бо ҳукумати Саудӣ, ҳоло дар Макка қарор дорад.
Вохурӣ дар қабулгоҳи Тоҳир дар Макка анҷом шуда, ба масъалаҳои бехатарии ҳоҷиён, қабул, нақл ва ҷо ба ҷо кунии онҳо бахшида шуда буд.
Қабл аз ин вазири фарҳанг ва гароиши Исломии Эрон Ризо Солеҳи Амирӣ гуфта буд, агар ҳукумати саудӣ бехатарии зоиронашро таъмин кунад ва ҷуброни шаҳрвандони ҳалокшудааш дар водии Мино дар соли 2015-ро пардохт кунад, Эрон ҳозир аст имсол зоиронашро ба Макка фиристад.
Агар ду тараф ба натиҷа бирасанд, пас ҳеҷ монеъае барои омадани зоирони эрони ба Макка нахозад монд, қайд кард вазир.