Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18-уми апрели соли 2017, ба суолҳои корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҷавоб дод, ки матни ин ҷавобҳоро инҷо хоҳем гузошт. (Суолҳо ба хотири риояи бетарафӣ бетағйир гузошта шудаанд)
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ: “Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Қабл аз он, ки ба ҷавоби саволҳо шурӯъ намоям, ба ҳама бародарону хоҳарон, ки саволҳои худро матраҳ карданд, изҳори сипос менамоям. Ва талош мекунам ба саволҳои ба вазъият ва ояндаи кившар рабтдошта қадри имкон ҷавобҳои муфассал диҳам. Ҳамзамон, аз каме таъхир дар чавобҳо узрхоҳӣ мекунам, ба далели онки дар сафари корӣ будам.
Парвардигоро! Аз ту кӯмак металабам ва қалбу забонамро дар сухану амал як бигардон!”
1.Искандар Душанбе: “Савол Куҷо шудӣ Муҳиддин Кабирӣ ва кай меоед ба ватан?”
Муҳиддин Кабирӣ : Ташаккур бародари гиромӣ. Ҳар вақт, ки Худованд хоста бошад ва муборизаи оғозшуда натиҷа дод, бармегардем. Рӯзу соаташро ҷуз Ӯ касе намедонад.
2. Мухаммадшариф Шарифов: Бисмиллохир рахмони рахим нома ба М.Кабири (Хафизахуллох) раиси ХНИТ. Ин номаро бад аз он навиштам, ки як чавони ахли суннати эрон дар сайти sunni-news чанд интикод аз чаноби М.Кабири (х) кардааст. Бандахам хостам дарди дили худро ба эшон расонам, эшон хамеша дар сухбатхояш мегуяд мо хечгох аз интикодхо хастаю норохат намешавем ва интикод пазирем.Чаро чаноби М.Кабири (х) дар 11 соли раиси ХНИТ буданаш чандин бор ба Эрон сафар кард як бор аз минтакаи Сиситон Балучистон дидор бо уламои ахли суннати Эрон сухбат гуфтугу накард е уламои ахли суннати Эрон “салафи вахоби” ба акаидаи чаноби М. Кабири (х) “салафи вахоби” хастанд? Ба хамагон малум хаст, ки уламаои Точикистон дар бедори исломи мардуми Точикистон хидмати зиед кардаанд, хидмати мадориси ахли суннати Эрон аз онхо камтар нестанд. Аз соли 1993 то хол чавонони точик бо хурмату эхтироми хоса тахсил мекунанд. Чаро аз мазлумияти ахли суннати Эрон якбор садо баланд намекунад? Е аз маблаги охундакхои хумсхур сигазода махрум мешавад ХНИТ? Чаро аз хароб кардани мадориси ахли суннати Эрон зиндон кардани чавонони ахли суннати Эрон, ба шаходат расонидани уламои бузугвори ахли суннати Эрон якбор сухан намегуяд? Е мисли базе “уламои” мутаасиб танг назари точик уламои ахли суннати эронро ” салафи вахоби” медонад? Чаро аз аз мазлумияти инсонхои Сурия Яман Ирок… барои чинояти Хоманаии Дачол садо баланд намекунад? Худашро аз пайравони мактаби Бародарони мусалмон мегирад, лекин харгох мавкеи Эрон омад хумуширо ихтиер мекунад фикри мекуни “суфи” шудааст? Чаро якбор дар мукобили суханхои кабех шиаени рофизи ки тухмат ба хамсарони поки паембар (с) асхоби бузругвори он хазрат (с) хулафои рошиддин садо баланд намекунад ин кирдори касифи онхоро махкум намекунад? Хама медонад, ки дар китобхо, хусайния, хавзахои илми масочид, рузи ошуро чи суханхои ракик фиск тухмат мезананд якбор инро на дар Эрон на дар созмонхои исломи ин чинояти нобахшидании шиаени рофизиро махкум намекунад ! Бо дуктур Ю.Карзови расм гирифтааст ин манои онро нишон медихад, ки пайрави мактаби сиесии у хаст чаро мисли Ю.Карзови (хафизахуллох) дар баробари чинояти Эрон садо баланд намекунад чинояти Эронро махкум намекунад? Сиесатмадор бояд улгуи чомеа бошад мисли раиси чумхуриТуркия Рачаб Тайиб Ардугон (хафизахуллох) хамеша аз мазлумияти мусалмонони чахон дифо мекунад хечгох манофеи хеш ва хукумати Туркияро нигох намекунад дархоле ки Туркия ва Эрон хаммарз хастанд Туркия сузишвории нефтиашро аз Эрон мехарад хамеша дар мукобили сиесати тачовузгарона золимонаи Эрон меистад ин аст, ки Худованд хамеша мувафакащ мегардонад. Хато хоинон Гарб, Амрико, Эрон, Исроил соли гузашта натовонистанд ба максади нопокашон расанд. Ин аз худгузаштанхо ва рашодатхо сиесати исломии Р. Ардугон (х) буд, ки мардум барои бакои хукумати эшон дар кучахо рехтанд чони худро курбон карданд. Ин дарси бузуруг буд барои сиесатмадорони исломии дуне. Ое чанобии М.Кабири (х) мисли раиси чумхурии Туркия хукумат дорад аз хукуматаш хавф дорад е Точикистон бо Эрон хаммарз аст хукуматашро гасб мекунад, ки хомуширо ихтиер кардааст? Чаро… Чаро ва чарохои бисер хаст бе чавоб Аз бародарон ва дустон хохиш мекунам ин мактуб ва дарди дили яке аз хазорхо чавони точикро ки дар симои эшон рохбар ва улгуи хешро медидам. Бо сиесатхои манофе нигораш орзухои моро шикаст дод. Ба мухтарам М. Кабири (хафизахуллох) раиси ХНИТ расонед, чавобро аз забони эшон мунтазирам!
Муҳиддин Кабирӣ: “Бародари гиромӣ, Муҳаммадшариф! Саволҳои зиёдеро матраҳ кардед ва ҳамчуноне, ки худатон гуфтед, шояд дар зеҳни ҳазорҳо ҷавони боақида ва боғайрати тоҷик ва ғайри тоҷик ин саволҳо чарх бизананд. Бо ҳамин мазмун чандин номаҳо ва паёмҳои дигар низ дарёфт кардаам, ки айни саволҳои шуморо матрах кардаанд. Қабл аз ворид шудан ба саволҳои Шумо, ду нуктаро арз мекунам:
1. Агар мавқеъгириҳо ва сиёсатҳои банда боиси дилшикастагӣ ва нобоварии Шумо гашта бошад, узрхоҳӣ мекунам ва Шумо ҳақ доред барои худ улгӯ ва роҳбари дигареро ҷустуҷӯ кунед. Вале, хуб мебуд, агар он шахс аз ҳамватанони мову Шумо бошад, то вазъияти моро хуб дарк карда тавонад. Чунки, таҷрибаи як кас ё як гурӯҳ аз кившар ё минтақаи дигар на ҳама вақт ба шароит ё вижагиҳои мо мутобиқат мекунад, ки дар натиҷа боиси нокомии роҳ хоҳад гашт.
2. Имрӯзҳо мусалмонони ҷаҳон дар муносибаташон ба мушкилоти олами исломӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Яке бар ин ақидааст, ки то мушкилоти уммат дар сатҳи ҷаҳон ҳалли худро пайдо накунад, ҳаракат, миллат ё кишвари мусалмоне дар танҳоӣ наметавонад аз бӯҳронҳои худ бираҳад. Ба ибораи дигар, бояд ману Шумои тоҷик дар баробари мубориза барои озодӣ ва ҳуқуқҳоямон дар ватан, барои рафъи мушкилоти бародарони имонии худ дар Африқо, Осиё ва ҳар ҷои дигар ҳамзамон талош кунем. Гурӯҳи дигар бар ин ақидааст, ки беҳтар мебуд ҳар миллат ва ҳар кишвар мушкилоти худро авлавият медод ва нерӯяшро онҷо харҷ мекард. Чун ворид шудан ба қазияҳои гуногун ва он ҳам зидду нақиз ба якдигар ҳам нерӯро масраф мекунад ва ҳам мусалмонҳоро аз қазияи миллии худашон дур месозад. Дар натиҷа тамоми мушкилоти олами ислом ҳалношуда боқӣ мемонад, он чизе ки имрӯз мушоҳида мекунем. Гоҳо мебинем, ки як ҷавони тоҷик мушкилоти динӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ватани худро канор гузошта, ҷону моли худро қурбони ҳалли мукшилоти манотиқи дигар мекунад ва самимона бовар ҳам дорад, ки танҳо роҳи наҷоти уммат ҳамин аст.
Аммо, баргардем ба саволҳои Шумо. Мо робитаҳои хубу бародарона бо ҳама мусалмонони олам дорем, аз ҷумла бо бародарони аҳли суннати Эрон. Борҳо бо уламо ва роҳбарони аҳли суннати Эрон чӣ дар дохили ин кишвар ва чӣ дар хориҷ мулоқоту дидор доштаам ва дар оянда ҳам хоҳам дошт, иншоаллоҳ. Ҳамагӣ як бор аз тарафи уламои Систон ва Балучистон барои ширкат дар маросими хатми донишҷӯён даъват шудам ва бо азми ширкат ба онҷо сафар кардам. Аммо, дар дохили хоки Ҷумҳурии исломии Эрон мизбонон салоҳ донистанд, ки ҳам барои мо ва ҳам баргузоркунандагон беҳтар аст, ки шахсан ширкат накунам ва ҳайати ҳамроҳонро бо шумули 5 нафар аз аъзои Раёсати Олии ҳизб ба он маросим фиристодем.
Назари мо нисбати кӯмак ва дахолат ба қазияҳои дигар мусалмонони ҷаҳон, мисли Сурия, Ироқ, Яман ва даҳҳо қазияҳои дигар ин аст, ки бояд самимона ва ба хотири пайдо кардани роҳи ҳал бошад, на ба хотири расонаҳо ва ё розӣ кардани пайравону тарафдорон аз худ. То он ҳадде, ки дар имкони роҳбари як ҳизби сиёсии дар аз ин минтақа ҳаст, мо масъулияти худро анҷом додаем ва хоҳем дод. Бародароне, ки мавқеъгириҳои моро холисона пайгирӣ мекунанд, медонанд, ки дар суҳбатҳои рубару ва дар болотарин сатҳ ин масоил бардошта мешаванд ва бисёр вақт таъсири хуб ҳам доранд. Баръакс, ба матбуот кашидани ин масоил ҷуз кинаву адоват ва боз ҳам печида кардани вазъият чизи дигаре надорад. Аз ҳама муҳимаш, агар ман бо ҳама кишварҳое, ки онҷо ҳуқуқи мусалмонон ё аҳли суннат помол мешавад, вориди баҳси лафзӣ ва ошкор шудем, барои ҳалли мушкилоти ватанамон ва анҷоми масъулиятҳоямон чӣ таъсире хоҳад дошт? Бале, мо масъулият дорем, ки аз мушкилот ва дигар инсонҳо, ба хусус, мусалмонони олам ғофил набошем ва ҳар коре, ки аз дастамон меояд барои беҳтар шудани вазъи онҳо анҷом бидиҳем. Аммо, на аз ҳисоби мушкил кардани вазъи мардуми худамон ва душвортар кардани мушкилоти имрӯзаамон. Вазифаи ману Шумо пеш аз ҳама ҳалли мушкилоти худамон аст ва лозим ҳам нест, ки бо ҳама кишварҳои ҷаҳон худро даргир кунем. Ба хусус, дар ҳолатҳое, ки ғайр аз дуъо кӯмаке ҳам ба онҳо карда наметавонем, ҷуз бадтар кардани мушкилоти худ ва он бародароне, ки диламон барояшон месӯзад. Ва ҳамзамон, набояд аз мусалмонони дигар ҳам интизор дошта бошем, ки мушкилоти худро канор гузошта ба вазъяти мо расидагӣ кунанд. Бояд гуфт, ки дар байни аксари роҳбарон ва уламои исломӣ дар ин масъала тафоҳум вуҷуд дорад ва ҳамагон вазъи якдигарро хуб дарк мекунанд ва аз якдигар интизории бештар аз тавон ҳам надоранд.
– Шумо инҷо намунаи Ардуғонро мисол задед ва мавқеъгириҳои моро бо ӯ муқоиса кардед. Фикр накунам, ки муқоиса байни роҳбари як ҳизби сиёсӣ бо даҳҳо мушкилоташ ва роҳбари як давлати пурқудрат бо доштани дуввумин артиши НАТО ва бистумин иқтисоди ҷаҳон дуруст бошад. Агар бо Ардуғони раиси ҳизби мухолифи Адолат қабл аз расидан ба ҳудрат муқоиса мекардед, бештар мантиқӣ мебуд. Шояд Шумо Ардуғонро танҳо солҳои роҳбари давлат буданаш шиносед, дар ҳоле, ки бори аввал ӯро солҳои аввали навад ҳангоми мири шаҳри Истанбул буданаш мулоқот кардаам ва ҳангоми раиси ҳизби мухолиф буданаш низ ва имрӯзҳо ҳам пайгири сиёсатҳо ва мавқеъҳояш ҳастам.
– Ба ҳар сурат, бародари гиромӣ, масоили муҳимро холисона бардоштед ва Худованд насиб карда бошад фурсатҳои дигар атрофи онҳо изҳори назар хоҳем кард. Дуъогу бошед!”
3. Alisher Usmonzod: “Саволи банда ин аст: Шумо дакик медонед чи кадар аъзоёни шумо дар Аврупо ва берун аз ЧТ карор доранд баъд аз ходисахои 09.2015?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Шумораи тахминии аъзои мо ва онҳое,ки бо сабабҳои сиёсӣ ва фишорҳои динӣ ҳиҷрат кардаанд, аллакай ҳаст. Вале, эълони ин рақамҳо феълан зарурат надорад.”
4. Bilol Bilol: “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракатуҳу. .суоли ман банда ин аст шумо Пештар мардум ро ба сабр мехондед ва охир оқибаташро ҳам дидед акнун иқрор мекунед ки сабр шумо хато будааст .?дувум шумо бо кадом тарз акнун ҳаракат мекунед ва чаро хомӯш ҳастед ???”
Муҳиддин Кабирӣ: “Бале, бародари гиромӣ, пештар ҳам мардумро ба сабр мехондам ва имрӯз ҳам. Пештар бояд сабр мекардем, то ба ҳаргуна фитна ва провокацияи дигарон омода карда дода нашавем. Бо вуҷуди сабри мо мақомот мусибатҳои зиёдеро болои мардум, ба хусус, аъзои ҳизби мо оварданд, ҳадди ақал баҳонае барои куштор, саркӯбгарӣ ва ҷиноятҳои сахттари ба нақшагирифтаашон дода нашуд. Аз ҳама муҳимаш, то ҳол натавонистанд ба ҷомеаи байналмилалӣ туҳмати худро дар бораи ифротгаро будани мусалмонҳои Тоҷикистон исбот кунанд. Имрӯз ҳам миллатро ба сабр мехонем, аммо сабр дар муқовимат то лаҳзаи пирӯзӣ. Оне, ки дар рӯзҳои душвор сабр кард, иншоаллоҳ дар мубориза ҳам сабр хоҳад дошт. Оне, ки дар рӯзҳои сабри мо дар фейсбук ”инқилоб” кардан мехост ва ҳоло ҳам моро ба сабри зиёд муттаҳам мекунад, шояд рӯзи муқовимат ҳам аз паси компютер барнахезад. Ҳечкас бе хато нест, ҷуз Парвардигор.
Бешак, мо ҳам иштибоҳҳое доштем ва шояд дар оянда ҳам дошта бошем. Аммо, бародароне, ки роҳу равиши моро иштибоҳ медонанд, беҳтараш аз худ намунаи муваффақтареро нишон диҳанд, то миллат эътимод пайдо кунад ва ҳамагон миллатро аз ин хорӣ бираҳонем. Аммо, бо паст задан ва кинояҳои такрорӣ нисбати бародарон ва ҳамсангарони худ наметавон мушкилоти миллатро ҳал кард. Баъзе дӯстон даъво доранд, ки ин корро ба хотири ислоҳ ва парҳез аз иштибоҳоти қаблӣ мекунанд. Дар сурате, ки интиқоди холисона ба хотири ислоҳ, суннат ва роҳу равиши худро дорад. Умедворам бародарони мухлис минбаъд равиши саҳеҳи интиқоди бародарони худро риоят хоҳанд кард. Аммо, дар масъалаи ”хомӯш” будан пештар ҳам дар як баёния гуфта будем, ки чаро як муддат иттилооте аз рафти кор дода нашуд. Бояд байни ”хомӯшӣ” ва ”беамалӣ” фарқ гузошт. На ҳама вақт гуфтан маънои амалро дорад ва на ҳама вақт хомӯшӣ маънои беамалиро.
Ман шахсан тарҷеҳ медиҳам, ки бештар амал кунам, аз он, ки зиёд бигӯям. Агарчӣ, дар сиёсати оммавӣ паёмрасонии пайваста ба мардум нақши муҳим мебозад. Бидуни доштани заминаи воқеъӣ ва натиҷа, зиёд ҳарф задан ва шиор партофтан ҷуз фиреби мардум ва худ чизи дигаре нест. Дар оянда бояд талош кард, ки байни амал ва сухан тавозун вуҷуд дошта бошад. Бо кӯмаки Худованд ва дуъои Шумо!”
4. Рахима Аюбова: “Салом ва эхтироми худро ба чаноби Кабири мерасонам.
- Барномаи баъдии шумо барои идомаи мубориза чист? Холо хам шумо мехохед аз мусолиха ва гуфтугу сухан бигуед? Ё барномаи сарнагунии низомро доред?
- барои озодии зиндонихои сиёси махсусан хамхизбонатон чи корхоеро анчом додед ва чи барномаи мушаххасе дар даст доред?
- Оё фурсати он нарасидааст, ки як харакати миллии озодихохи дар кишвар рохандози шавад?
- Медонем ки хабарнигорону зиёиёни зиёде дар хорич карор доранд. Аммо хама хомушанду дар холати тарсу ноумеди карор доранд. Оё баргузор кардани як конфронс ё мизи гирд дар ин шабу руз наметавонад умед ва часоратро ба онхо баргардонад?
- Шумо барои рохбарии харакати миллии озодихохи кадом шахсиятро муносиб медонед?
- Шумо дар ин мубориза барои занон чи накшеро мебинед? Оё дар чомеаи суннатии мо занон метавонанд накши муассире дар мубориза дошта бошанд?
Муҳиддин Кабирӣ: “Ҳукумати имрӯза нишон дод, ки аҳли гуфтугӯ ва аҳду паймон нест. Дар чунин ҳолат муқовимат бо тамоми василаҳои машрӯъ (легитимный) ягона роҳи озодии миллат ва давлат аз султаи як гурӯҳи худкома боқӣ мемонад. Мо ҳоло дар аввали роҳ қарор дорем ва вақт нишон медиҳад, ки аз кадом василаи мушаххас истифода хоҳад шуд. Муҳим ин аст, ки аксарият ба қаноат бирасад, ки дигар бо ин гурӯҳи ҳоким миллат ояндае нахоҳад дошт ва миллат бо ҳама роҳҳои имконпазир аз муқовимат пуштибонӣ кунад.”
– Озод кардани маҳбусони сиёсӣ дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки камтарин ҳуқуқи инсон риоят намешавад, кори саҳл нест ва он ҳам бо эълони барномаи мушаххас дар шабакаи иҷтимоӣ. Табиист, ки роҳҳо ва имкониятҳои кӯмак расонидан ба онҳо хамавақт баррасӣ мешавад ва ин яке аз авлавиятҳои мост. Аммо, бояд воқеъбин бошем. Бидуни озодии миллат озод кардани маҳбусони сиёсии мо дар ин шароит қариб ки имконнопазир аст.
– Фурсат расидааст ва бидуни таъсиси чунин як ҳаракати мардумӣ расидан ба пирӯзӣ тӯлонитар ва душвортар хоҳад буд. Шаке нест, ки аксарияти аҳли фикр ва андеша, онҳое, ки дилашон ба имрӯзу ояндаи миллат месӯзад, дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал ва раҳоӣ аз ин варта ҳастанд. Таъсиси эътилоф ва ҳаракатҳои умумимиллӣ кори содда нест ва таҷрибаи гузашта нишон дод, ки бе омодагӣ ва машварат анҷом додани чунин корҳо оқибати хуб надорад. Муҳим эълон кардан нест, муҳим ноил шудан ба як платформаи муштарак ва тасаввуроти шаффоф дар бораи ояндаи кишвар ва миллат аст. Муҳим он аст, ки ҳар инсон ва ҳар гурӯҳ дар ояндаи кишвар саҳм бигирад ва боварӣ дошта бошад, ки ватан дар дасти як гурӯҳи хос намеафтад, мисле, ки имрӯз ҳаст. Онгоҳ ин ҳаракат воқеан умумимиллӣ ва таъсирнок хоҳад буд ва муборизааш ҳам натиҷа хоҳад дод.
– Тарс танҳо рӯзноманигорону зиёиёнро не, ҳамаро фаро гирифтааст. Танҳо коре, ки ҳукумати Тоҷикистон ба он муваффақ шудааст, ин тарсӯ кардани миллат аст. Дар сурате, ки вазифаи як ҳукумат пеш аз ҳама сохтани як миллати озоду ҷасур ва тарбияи як инсони соҳибирода ва шикастнопазир мебошад. Дар бораи ноком шуданаш ба таъмини мардум ба ҷои кору маоши хуб, барқу газ ва ғайра ҷои гап ҳам нест. Ягона орзӯи як тоҷик имрӯз зиндонӣ нашудан ва ё кушта нашудан аз тарафи ҳукуматаш аст, дар сурате, ки шаҳрвандони ҳар кившари дигар бо камтарин мушкилот аз гиребони ҳукуматдоронаш мегиранд ва онҳоро ҳар панҷ сол иваз мекунанд. Ҳар касеро ки имрӯз ноумедӣ фаро гирифтааст, барои худ як далеле дорад. Яке фикри хешу таборашро мекунад, дигаре молу хонаашро. Чун ҳама медонанд, ки ин ҳукумат на ба қонун пойбанд аст ва на ба фарҳангу дину ойин. Аз пасттарин васила барои тарсонидани миллат истифода кардааст ва хоҳад кард. То рӯзе, ки ин гурӯҳ дар ҳокимият ҳаст, миллат дар ҳолати тарсу ҳарос боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин, бояд на танҳо рӯзноманигорон, балки ҳамаи инсонҳои бошараф ба ин натиҷа бирасанд, ки зистан то охири ҳаёт дар ҳолати тарсу фишор ба маротиб душвортар аз он аст, ки ҳама якҷоя як бор ”бас” бигӯем. Фикри ҷамъ овардани рӯзноманигорону зиёиёни хориҷи кишвар сари миз хуб аст, вале хубтар мебуд агар ин ташаббусро худи онҳо ба даст мегирифтанд. Байни онҳо собиқадорон ва ботаҷрибаҳо кам нестанд ва метавонанд ин корро кунанд, агар хоҳиш бошад.
– Агарчӣ ман мухолифи боло бурдани нақши як шахс дар сиёсат мебошам, вале воқеъияти мо чунин аст, ки аз шахсияти роҳбар хеле чизҳо вобастааст. Хушбахтона, миллати мо нафарони сазовор барои бардоштани масъулияти роҳбарии чунин ҳаракатро зиёд дорад. Муҳим, ки ҳадафҳо ва вазифаҳои ин ҳаракат возеҳу равшан бошад ва масъулини он тибқи ормонҳои миллат амал кунанд.
– Дар мубориза байни зану мард фарқеро намебинам. Агар мо фарқ медидем, аз номзадии зани ҷасуре мисли Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ намекардем. Бояд эътироф кунем, ки зани тоҷик кайҳо боз дар мубориза аст. Мубориза бо мушкилоти иқтисодӣ, хонаводагӣ, барои тарбияти фарзанд ва таъмини оила дар сурате, ки мардон дар хориҷ ҳастанд. Ҳатто, мубориза барои ҳуқуқи мардонро ҳам имрӯз занҳо аксаран бар дӯш гирифтаанд ва дар назди идораву мақомоти давлатӣ барои ҳақхоҳӣ ҳамонҳо мераванд. Вақти он расидааст, ки мардонро ба мубориза даъват кунем, на занҳои бе ин ҳам муборизро.”
6.Бахтиер Джумаев: “Ба номи худованди бенихоят бахшандаву мехрубон.Асалому алайкум варахматулохи вабарокатух бародари ахли Ислом устод Мухиддин Кабири банда яке аз хамватанони бо амри такдиру хости Худованд аз хоки Ватан дур афтода мебошад. Ман дар яке аз маьрузахойи хомии дин Сайидмукарам хондам. Дар ончо шуморо шодравон устод Сайид Абдуллохи Нуриирахматуллохи ьалайх по ва Мухамадшариф Химатзодаро пайравон ва пахнгарони шиьамазхабию ва вазьи нооромии кишвар мехисобанд. Мехостам бидонам токадом андоза ин гуфтахо ассос доранд. Ман дар анчумани 12 Х.Н.И.Т. иштирок доштам ва дар суханронии шумо гуш доштам, Шумо факат дар борайи Ватану Ватандустдори сухангуфта такид менамудед. Хубулватану Эмон.”
Муҳиддин Кабирӣ: “Хеле афсӯс мехӯрам, ки ҷаноби Саидмукаррам Абдулқодирзода масъулият ва ҷойгоҳи худро нашинохта, гоҳу ногоҳ ҳарфҳои зидду нақизе берун аз вазифаҳои худ мезананд ва байни хидмат ба дин ва хидмат ба як гурӯҳро фарқ намегузоранд. Агарчӣ туҳматҳои зиёде карда то имрӯз, вале танҳо ба хотири ҳифзи обрӯ ва чеҳраи як инсон ва он ҳам чеҳраи динӣ, аз ҳамаи бародарон хоҳиш кардем, ки дар масъалаи ӯ ва дигар шахсиятҳои динӣ боэҳтиёт бошанд ва ба сатҳи онҳо поин нафароянд.
Гоҳ муттаҳам кардани мо ба шиагароиву гоҳ ба салафигарӣ, нишондоди сатҳи илмиву динӣ аст, чун як толибилми мадраса ҳам медонад, ки ин дуро дар якҷо ҷамъ кардан имкон надорад. Дар ҳошияи конфронси Теҳрон суҳбати кӯтоҳе доштем, ки боз ҳам ба хотири риояти обрӯи он кас аз овардани ҷузъиёташ худдорӣ мекунам. Фақат як ҷумлаашро инҷо оварам кофист, ки гуфтам: «Домулло! агар ҷуръати рост гуфтан надоред, ҳадди ақал аз минбари Паёмбари акрам (с) дурӯғ нагӯед. Барои мо ҳамин кофист».
Афсӯс, ки гоҳо аз риояти мо суистифода мекунанд ин ҳазратҳо, ки хуб нест. Ба ҳар сурат, мо бояд бо ин тоифа зиёд вориди баҳс нашавем ва ба ҳарфи онҳо аҳамият ҳам набояд дод.”
7. Abuhamza Sobir: “Агар дар роҳи ҳақ бошед пас Чаро дар ватан мисли мардони роҳи ҳақ намондед мисли Мурсии Бадиъ ва дигар раҳбарони Ихвон ки асоси наҳзат бар манҳаҷи Ихвон асосгузори шудааст?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Бародари гиромӣ! Пояҳои фикрӣ ва ақидатии Наҳзат бар асоси Қуръон ва Суннат, фиқҳи Ҳанафӣ ва арзишу ормонҳои миллати тоҷик асос ёфтаанд, на бар манҳаҷи ин ё он ҳизбу ҳаракати исломии кишварҳои дигар. Табиист, ки байни аксари ҳизбу ҳаракатҳои исломии дунё шабоҳатҳое хаст, мисле, ки дигар ҳизбу ҳаракатҳои идеологии шарқу ғарб ҳам шабоҳатҳое доранд. Умедворам, ки ин масъаларо ҳамеша ба инобат хоҳед гирифт.
Аммо, фикр накунам, ки боқӣ мондани ман дар дохили кишвар ва мисли дигар бародарон зиндонӣ шудан Шуморо хурсанд мегардонд. Ва фикр ҳам намекунам, ки аз зиндонӣ шудани Мурсӣ ва ё Бадеъ бо чанд ҳазор фаъолони дигарашон хурсанд бошед. Вақте, ки Зайд Саидов дар хориҷи кишвар буданд ва алайҳаш парванда боз шуд, чанд нафар ӯро ташвиқ карданд, ки баргард ва агар ҳақ ҳастӣ исбот кун дар ватан. Ӯ баргашт ва зиндонӣ шуду ҳизбаш пароканда гашт. Фикр накунам, ки Шумо ҳам ҳамин чизро барои мо ва Наҳзат мехоста бошед.
Боз ҳам Худованд худаш аз қалбҳо огоҳ аст ва мо намедонем, ки мақсади Шумо аз ин савол чӣ буд ва оё аз озодии мо хурсанд ҳастед ё нороҳат.”
8. Анвари Иброхим: “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ устоди азиз умедворем,ки сиҳат ва саломату тандуруст ҳастед. Суоли банда чунин аст. Дар тӯли торих ҳукуматдорони мустабиду золим бо ҳеҷ гурӯҳе сари мизи гуфтушунид нанишастаанд, магар ин ки гуруҳи дигар дорои нерӯ ва қуваи низоми набошад, ва инчунин аз таҷрибаи сулҳи худамон низ метавон мисол овар то даме,ки мухолифон яъне ҲНИТ ва ҳампаймонҳояш дорои неру ва қувваи низоми нагаш ҷиҳати муқобил бо у музокирот накард. Имрӯз на ҲНИТ ва гуруҳони мухолифони дигар дорои неру ва қуваи низоми нестанд пас бо кадом қува ва нерӯ метавон бо ин ҳукумати мустабид мубориза бурд ?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Таҳлили Шумо дуруст аст ва аз тарафи дигар, на ҳукумат ва на мухолифни имрӯза дар фикри музокирот нестанд. Болотар ба саволи яке аз дӯстон дар бораи шаклу василаҳои мубориза ишора кардам ва ҷузъиёти бештар зарурат надорад. Муқовимат ва муборизаи самаранок шарт нест, ки ҳатман низомӣ бошад. Агарчӣ, қонунҳои байналмилалӣ миллатҳоро барои расидан ба озодӣ аз истифодаи машрӯъи неру иҷозат медиҳад ва барои миллати мо ҳам истисно нест.”
9. Чаъфар Ризвонов: “Салом хидмати огои Кабири ва дустон арз медорам. Саволи банда чунин аст: чуноне ки ба хамаи мо маълум аст Эрон яке аз кафилони асоси сулхи мо Точикон ба хисоб мерафт дар баробари дигар кишвархо ба хусус аз тарафи нахзат. Оё шумо кабул доред, ки Эрон шуморо фурухту ваъдахилофи кард ва имзои худ дар созишномаи сулхро зери по гузошт? Хадди акал як эътирози расми аз худ нишон надод дар баробари шикасти созишномаи сулх? Ташакур.”
Муҳиддин Кабирӣ: “Саволи Шумо мантиқӣ аст ва мо ҳам интизор доштем, ки кафилони сулҳи тоҷикон вокуниши худро нисбати шикастани Созишнома аз тарафи ҳукумат нишон медиҳанд. Аммо, мутаассифона чунин нашуд. Агарчӣ мо ба ҳамаи онҳо номаи расмӣ фиристодем. Ин маънои онро надорад, ки дар оянда ҳам онҳо бояд хомӯш бошанд. Инҷо бояд масъаларо аз нав бардошт ва тарафҳои кафилро водор намуд, ки дар назди ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ҷавобгӯ бошанд.”
10. Мухиддин Мавлави Мухиддин: “Ассалому Алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Устод Кабирӣ Аллоҳ ҳифзатон кунад ва иззату маҷди аз даст рафтаро боз барои мо дар кишвар ато намояд.Ман хело хушҳолам аз инки шумо бори дигар бо миллат ҳасуҳбат мешаведу ба саволҳои миллат посӯх медиҳед.Бар хилофи диктатор ҷаноби холи Эмомали Раҳмон. Ман ҳамчун як наҳзати савол надорам ба шумо вале як хоҳиш дорам ин аст. Алалақал ҳар моҳ ду баромади видеои барои миллат анҷом диҳед.Агар он ба шакли мустақим аз тариқи фейсбук бошад хело хӯб мешуд.Агар ин шаклро қабул надошта бошед пас ҳатман дар моҳ на камтар аз ду навор сабт намоед ва ба миллат тақдим намоед.Ҳарчиқадар аз чашмҳо дӯр бошед моро ғаму андӯҳ бештар мегардад ва мехоҳем бештар чеҳраи шуморо бо ҳидоятҳои муфидатон шунавему ғановати маънавӣ бигирем.Умед дорам ин хоҳиши моро рад намекунед.Хоҳиш мекунам мисли Раҳмонов ваъда накунед,ки ин корро мекунеду вале бо сабабҳое накунед.Устод хело ин барномаҳо муҳиманд ва руҳияи тозае мебахшанд барои ҳар Наҳзатии дохил ва хориҷ қарор дошта.Пӯзиш мепурсам аз шумо агар малоли хотиратон шуда бошам устоди арҷуманд.Бо эҳтиром Мавлавӣ Муҳиддин Аҳмадов Канада 9 42017”
Муҳиддин Кабирӣ: “Ташаккур, бародари гиромӣ барои ниятҳо ва пешниҳоди хуб. Чанде пеш Шӯрои иҷроияи ҳизб супориш гирифт, ки роҳҳои беҳтари иртибот бо мардумро роҳандозӣ кунанд, то суҳбатҳо ва паёмҳои пайваста бо мардум дошта бошем. Ин метавонад тариқи паёмҳои овозӣ, видеоӣ ё суҳбат дар шакли саволу ҷавоб дар шабакаҳо бошад. Муҳим, ин суҳбатҳо дилбазан, такрорӣ ва ҳангомаҷӯёна набошанд, балки атрофи мавзӯъҳои муҳими рӯз ва ояндаи кишвар суҳбат шавад.
Мо ҳам тарафдори давомнок ва пайваста будани ин иртибот ҳастем ва бояд шаклеро интихоб кунем, ки амалӣ кардани он имконпазир бошад.
Умедворам дар амалӣ кардани ин тарҳ Шумо ва дигарон бо бародарон хамкорӣ хоҳед кард.”
11.Сулаймон Расулов: “Салом Алекум хамватанони Азиз мо кай якчоя мешавем? ва чикадар давом дорад мусофирии мо. Савол хамин аст.”
Муҳиддин Кабирӣ: “Бародари азиз! мо ҳама дар ҳадаф як ҳастем. Агар мақсади Шумо ҷамъ кардани ҳама дар як созмон бошад, ин кори хеле душвор аст. Чун, ҳар гурӯҳ роҳбар ва услуби худро дорад ва ба осонӣ розӣ нахоҳанд шуд, ки аз он даст бикашанд ва зарурат ҳам надорад. Муҳим, ки дар амал ва рафтор мухолифи якдигар набошанд ва аз танқидҳои беасосу расонаии якдигар даст бикашанд.”
12. Шарифҷон Шарифҷонов: “САЛОМАЛЕКУМ в в б. Ман як чанд савол дорам хоҳиш мекунам ҷавоб диҳад Муҳидини Кабири. Аз хомушие ки чанд вақт хомуш буд намепурсам чунки фаҳмидам барои чи хомуш буд. Шурӯъ мекунем суоли якум.
1. Кай ба майдони мубориза мебарояд?
2) кай дар ягон канал бо мардум сӯҳбат мекунад? Ба мисли дигар мухолифон.
3) токай хомуш меистад!”
Ман дар дохили Муҳоҷирон дар русия ҳам бисер даъват мекунам ва суҳбатҳое мекунам бо муҳоҷирон ҳама вақт як ҷавоб мешунавам ҳизбҳои мухолифе ки расман будан аз он чумла ҲНИТ онҳо хапу хомушан мо чихел гап занем. Ҳамаги меган Кабири хезад мо хезем чунки лидер даркор лидереки мардум ҳамаги шиносад. Хулоса. Миена сахт банд Аз Аллоҳ тоқа бтарс ва мардумро гирди ҳам кун бо якчояги ғалаба хоҳем кард.”
Муҳиддин Кабирӣ: “Бародари гиромӣ! Эҳсос мекунам, ки инсони самимӣ ҳастед ва маро ҳам самимона ба мубориза даъват мекунед. Дар сурате, ки мо ҳамеша дар мубориза будем ва мемонем. Шояд на ба он шакле, ки бархе аз дӯстон мехоҳанд.
Ба бародарони муҳоҷир саломи моро расонед ва бигузор ноумедиро аз худ дур кунанд. Агар воқеан ҳам омодаи мубориза ҳастанд, он тавре, ки Шумо гуфтед, пас ин мубориза бояд бо ҳадаф, барнома ва мудирияти муносиб анҷом шавад. Агар муборизаи бародарони муҳоҷир вобаста ба тасмими мо бошад, бирасонед, ки мо алакай тасмими муборизаи ҷиддиро гирифтаем.
Бояд як муддат заҳмат кашид, то тарсу ноумедиро аз дили мардум берун кард ва ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳамагон омодаи ҳаракат дар он рӯзи тақдирсоз бошанд.”
13. Саийд Шамс: “Савол оё маҳалбозӣ дар дохили ҳизб набуд?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Буд. Аммо, инсофан, на ба он ҳадде, ки дар кившари мо роиҷ аст. Далели суханҳоям ин аст, ки ҳизб дар як минтақаи ҷануби кишвар таъсис шуд ва роҳбарони аввалаш аксаран зодаи як маҳал буданд. Аммо, солҳои ахир дар байни минтақаҳои дигар бештар рушд кард ва ба як ҳаракати умумимиллӣ табдил шуд. Агар роҳбар дар ҳар сохтор маҳалгаро набошад, пешгирии ин раванди номатлуб осонтар мешавад.
Маҳалгароӣ он вақт фарогир мешавад, ки роҳбарон маҳалгаро бошанд. Вақте, ки масъулияти ҳизб бар дӯшам афтид, ҳам бародар ва ҳам хоҳарамро, ки қабл аз омадани ман масъулиятҳои баланди хизбӣ доштанд, ба мақомҳои поинтар гузаронидам ва то охир боло нарафтанд. Чун метавонист дари хешутаборчигӣ ва маҳалгароиро барои дигарон боз кунад.”
14. Nurii Tojik Muboriz: “Асалому Алайкум Ва Рахматуллохи Ва Боракотуху бародар Мухиддин Кабири суол инчунин аст ки шуммо нияти ошкор муборизаро доренд ё на саломат бошенд.”
Муҳиддин Кабирӣ: “Бале, дӯсти гиромӣ, муборизаро наметавон пинҳонӣ бурд. Шояд манзури Шумо аз муборизаи ошкор чизи дигар бошад, вале он чизе, ки мо мегӯему анҷом медиҳем, ошкор аст.”
15: Паёми Мардум: “Салом ба рахбарияти ХНИТ! Саволе тавасути “Однокласники”.
Салом Бародар фесбукда нестам хамин савола аз номи ман Ба устоз Мухидин кабри расонед чавобашро Шунидан мехохам Барои Чи То Ин дам ягон видо ролик намекунед барои чи Бо Дигар Муборизони Ватан Бо Гурухи 24 Якчоя Мубориза намебаред Шмо Бо Рохбари Гурухи 24 Сухроб Зафар ягон бор барои Муборизаи Якчоя Сухбат кардед? Мехохем Ки Якчоя бо Хамаи Муборизони Ватан Озоди хохони Ватан Бар зиди ин режими Хун Хори Палиди Касофати Ватан Фуруши Эмомали Рахмон Мубориза барем Дар амони Аллох бошед Интизори Чавоб хастам?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Дӯсти азиз! Шуморо дарк мекунам. Чунки тасаввури Шумо ва як қисме аз бародарони мубориз аз як роҳбари сиёсӣ ин аст, ки бояд ҳатман ролик кунад, дар ягон канал суҳбат кунад ва шиорҳои тунд партояд. Солҳои охир ҳамин гуна шинохт аз муборизаи сиёсӣ ва роҳбар ба вуҷуд омад ва ҳоло Шумо низ бо ҳамин меъёр фаъолиятҳоро баҳогузорӣ мекунед. Агар мо натавонем якҷоя ин қолабҳои зеҳниро дар байни муборизон бишканем, сатҳи муборизаи мову Шумо аз ин болотар нахоҳад рафт.
Мутаассифона, бо бародар Сӯҳроб Зафар то ҳол мулоқоти ру ба ру сурат нагирифтааст, чун мо дар минтақаҳои гуногун ҳастем. Аммо, бо роҳбарон ва намояндагони ҳама гурӯҳҳои мубориз мулоқоту машваратҳо идома доранд. Муваффақ бошед.”
16. Alisher Usmonzod: “Аз устод хохиш мекунем ба хамин савол низ посух гуянд:
“Масъала ин ҷо содда аст. Уно ин кора на ба хотири он кардаанд, ки корера анҷом додагӣ ҳастен, балки ба хотири ҳушдор аз ун ки ба ун корое, ки гуфтен аз дастатон миёд, даст назанен.
Ҳамин мавзеъи шумо наҳзатиҳо барои ман як миқдор мағшуш аст. Оё шумо мухолифини воқеъӣ астен, ки ба хотири озодии халқи тоҷик ҳарчӣ аз дастатон омад, онро бидуни шаке анҷом хоҳен дод, ва ё шумо ҳамин гуна як гурӯҳе ҳастен, ҳамеша дар тарсу ҳарос, мабодо-ку муқобили ин ҳокими мазлум чизи баде нагӯен, то моли ғункардаи шуморо дар Тоҷикистонро мусодира накунанд?
Яъне, акаи Абдураҳмон, ин ҷо шумо ва кулли Ҳизби наҳзат бояд тасмими худро бигиранд, ки оё шумо ин тараф ҳастен ва ё ун тараф. Бо корҳои нимчала ва тасмимоти мағшуш шумо шояд ҳам аз ин монен ҳам аз он. Ҳам эътимоди мардумро аз даст бидиҳен, ва ҳам ҳолати қонунии шумо дар Тоҷикистон шабеҳи ҳамон ҳолати қонунии бачаҳои Давлати исломӣ бишавад, агар алакай нашуда бошад. (Абдусалом Одиназода)”
Муҳиддин Кабирӣ: “Эроди ин бародар мантиқӣ ва бамавкеъ аст. Дӯстон гуфтанд ки ин эрод ба навиштаи яке аз бародарони мо дар фейсбук гирифта шудааст, ки аз фишори мақомот ва мурооти худ навиштааст.
Аммо, ин масъала танҳо хоси Наҳзат нест, дар умум қишри муборизи мо гирифтори чунин ҳолат аст. Мақомот ҳам хуб дарк кардаанд, ки бисёриҳо аз тарс ҳарфи дилашонро намегӯянд ва он кореро, ки метавонанд анҷом диҳанд, намекунанд.
Фикр мекунам, дар ояндаи наздик аксарият тасмими худро барои муборизаи ошкортар хоҳанд гирифт. Вале, онҳое ки узре доранд ва намехоҳанд ба хешу таборашон ё моликияташон зараре бирасад, бояд фурсат дод, то худашон ба натиҷае бирасанд ва равиши муборизаро барои худ интихоб кунанд.”
17. Муслим. Муслим: “Савол: бародари исломи то бакай дар мулки мардум мегардем?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Талоши мо ҳам барои ҳарчӣ зудтар баргаштани миллат ба ватан аст. Ин вобаста ба амали ҳамагон аст ва мо ҳам ҳарчӣ дар имконамон бошад анҷом хоҳем дод.”
18. Kholidi Abdurahmon: “Чаноби Кабири, Шумо амикан эътикодманд хастед, ки хизби дини боиси рушди Точикистон шавад (бидуни дур рфтан аз суол ва киноя задан ба камбудихои хукумати феъли)”
Муҳиддин Кабирӣ: “Саволи Шумо усулӣ ва хеле муҳим аст ва ҳеч рабте ба камбудиҳои ҳукумати имрӯза надорад. Эътиқоди ман ин аст, ки ҳеч ҳизби сиёсӣ ё давлат танҳо ба хотири номаш боиси рушд шуда наметавонад. Аз ҷумла ҳизби динӣ ё давлати динӣ ҳам. Инсонҳо ва барномаи амал метавонанд боиси рушд шавад. Метавонем Аврупои имрӯзаро мисол биёрем, ки дорои рушд ва суботи беҳтаре аст. Дар баъзе кишварҳо ҳизбҳои тамоюли динӣ дошта (ростгаро) сари қудрат ҳастанд, дар баъзе кишварҳои дигар ҳизбҳои чапгаро ё либералҳо ҳукмронӣ мекунанд.
Вале, дар умум Аврупо пешрафт дорад. Зеро, чӣ ҳизбҳои рост ва чӣ чап ҳамагон ба қонуни асосӣ ва усули давлатдорӣ пойбанд мебошанд ва қоидаҳои умумиро риоят мекунанд. Кадрҳои аз лиҳози диниву дунявӣ будан не, балки аз руйи шоиста будан интихоб мекунанд. Фасодӣ ва маҳалгароиро иҷозат намедиҳанд. Ба озодӣ ва ҳуқуқи инсон эҳтиром қоиланд. Ин омилҳо боиси рушд гаштааст ва мегардад, на динӣ ё ғайридинӣ будани онҳо.
Ин баҳс хеле доманадор аст ва бо ҳамин инҷо иктифо мекунем. Шояд фурсати дигар муфассал суҳбат кунем атрофи ин мавзӯъ.”
19. Рохнамо Начот: “Савол ба Кабири! Эхтиромона хохиш дорам, чавоби саволамро дихед! Чаро шонси муттахид шудани мухолифинро зери рохбарии Зойиров бархам додед? Дар назар дорам бо пешниходи номзадатон Ойнихол Бобоназарова. Чи мехостед? Хусумати шахсие, ки нисбати Зойиров доштед айен буд. Рози хастед ки бо чунин амали гайрихирадмандона Шумо аз хамон лахза хатто аьзоени хизбатонро зери хатару ояндаашонро маьлум сохтед? Бо ин амал табиати Худро нишон додед?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Дӯсти гиромӣ! лозим медонам ба ин саволи Шумо каме муфассал ҷавоб диҳам. Чун соли чаҳорум аст, ки баъзе дӯстон бо чунин зеҳният гоҳу ногоҳ масъаларо матраҳ мекунанд. Дар аввал зарурати посух гуфтан ба чунин саволҳоро зарур намешуморидам. Вале, бо гузаштани чанд сол ва тағйири вазъият шояд кушодани баъзе паҳлӯҳои ин масъала бар зарар набошад.
Хомӯшии тӯлонии мо дар ин масъала ва ҷавоб надодан ба баъзе каҷфаҳмиҳо ба хотири он буд, ки байни мухолифин баҳсҳои беҳуда сурат нагирад. Аммо, мебинем, ки баъзан хомӯшии мо боиси тақвияти ин гуна зеҳниятҳо мешавад. Аввалаш инки ман нисбати Зоиров эҳтироми зиёд дорам ва ӯро як инсони самимӣ мешиносам. Мо рақиби сиёсӣ не, балки шарик ва дӯст будем ва ҳамин тавр хоҳем монд. Албатта, нигоҳҳои шахсӣ ва ихтилофот дар баъзе масоил дорем ва хоҳем дошт ва ин табиист. Аммо, дар масъалаи интихоботи президентӣ ва номзадии муаллима Ойниҳол Бобоназарова бардошти Шумо ва дигар дӯстон комилан ғалат аст. Шояд ин зеҳният он вақт ба вуҷуд омад, ки дар нишасти хабарии аввали эътилоф маҷбур шудам эълон кунам, ки Бобоназароваро ман пешниҳод кардам. Дар асл чунин набуд. Касоне, ки ду рӯз қабл аз ин эълон дар ҷаласаи шӯрои эътилоф ширкат доштанд, хуб медонанд, ки номзадии муаллима чигуна пайдо шуд. Қабл аз ин эълон мо нишастҳои зиёде бо Зоиров дар бораи номзади ягона доштем ва ҳатто, ҷаласаи якҷояи Шӯрои сиёсии ду ҳизбро баргузор кардем. Агар касе фикр мекунад, ки ин масоил тасодуфӣ ё танҳо байни ду – се кас ҳал шудаанд, комилан иштибоҳ мекунад. Хуб мешуд, ки худи иштирокчиёни ин нишастҳо ҳамаи воқеъиятро мегуфтанд, на қисмате аз онро. Мо ба ин натиҷа расидем, ки номзадии ман, Зоиров ва Устод Тӯраҷонзода бештар ихтилофҳоро ба вуҷуд оварда, қишрҳои дигари ҷомеаро аз эътилоф дур мекунад. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ягон нафари ғайри ҳизбӣ бошад. Онҷо номзадии профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров пешниҳод шуда буд ва тибқи машварат худи Зоиров мебоист бо профессор суҳбатҳо анҷом бидиҳад. Мо бар он будем, ки номзадии Ҳ. Умаров аз номи ҳизби социал-демократӣ пешниҳод гардад ва мо ҷонибдорӣ кунем. Аммо, дар ҷаласаи шӯрои эътилоф Ҳ. Умаров номзадии худро бозпас гирифтанд. Ҳамон лаҳза номзадии муаллимаи гиромӣ Ойниҳол Бобоназарова садо дод. Ҳоло дақиқан ёдам нест, ки номзадии муаллима аз тарафи Ҳ. Умаров ва ё Маҳмудҷон Қосимов пешниҳод гардид. Устод Тӯраҷонзода ва дигарон билофосила ҷонибдорӣ карда, назари муаллимаро пурсиданд. Ойнихол Бобоназарова гуфтанд, ки наметавонанд розӣ шаванд, чун раисони ду ҳизби сиёсӣ ҲНИТ ва ҲСДТ хомӯш ва ҷонибдорӣ намекунанд. Муаллима гуфтанд, ки маъракаи интихобот бар дӯши ин ду ҳизб аст, чигуна номзад мешавам вақте, ки раисон розӣ нестанд. Зеро, то он замон камина ва Зоиров чизе нагуфта будем.
Дар ҳузури аъзои Шӯрои эътилоф гуфтам, ки ҳамаи шумо шахсиятҳои мустақил ҳастед ва ҳақ доред сареъ ҷонибдорӣ ва ё зиддияти худро бигӯед, аммо, ман ва Зоиров роҳбарии ҳизбро бар дӯш дорем ва бояд назари аъзои худро бигирем. Он замон ман пешниҳод кардам, ки то пагоҳ танаффус эълон гардад. Зеро, зарур донистам, ки ду ҳизб ҷаласаи Шӯрои сиёсии худро баргузор кунад. Зоиров билофосила гуфт, ки ӯ ниёз ба ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб надорад ва ҳар ҳарф ва мавқеъи ӯро ҳизбаш тарафдорӣ хоҳад кард. Зоиров ба тарафдории номзадии муаллима овоз дод. Аммо исрор кардам, ки дар ҳизби мо чунин шеваи кор нест ва ҳатман бояд назари Шӯрои сиёсӣ гирифта шавад. Устод Тӯраҷонзода пешниҳод карданд, ки барои пешин ва наҳор ду соат танаффус эълон шавад, дар ин муддат Наҳзат метавонад Шӯрои сиёсиашро баргузор кунад. Мо билофосила Шӯрои сиёсиро даъват кардем. Бояд бигӯям, ки аксарият розӣ набуд, ки номзадии муаллима аз тарафи эътилоф пешниҳод карда шавад. Танҳо ба ин сабаб, ки на ҳама аъзои ҳизб аз лиҳози фикрӣ омода буданд, то як хонум номзади ҳизб шавад. Эҳтимоли аз ҳизб рӯ гардонидани баъзеҳо ҳам ҷой дошт. Аммо, далели мо ин буд, ки ба ғайр аз Наҳзат дигар ҳама аъзои эътилоф аз номзадии муаллима ҷонибдорӣ кардаанд ва агар ҳизби мо зид бошад ин боиси парокандагӣ ва ихтилофот хоҳад буд, ки хуб нест.
Ҳамин тавр дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб ҳангоми овоздиҳӣ номзадии муаллима бо як овози бештар ҷонибдорӣ ёфта, мо натиҷаро ба дигар аъзои эътилоф расонидем. Тасмим ҳам шуд, ки субҳи душанбе нишасти хабарӣ даъват шавад ва номзади ягонаро эълон бикунем. Субҳи душанбе, қабл аз нишасти хабарӣ ҳама аъзои шӯрои эътилоф дар утоқи кории ман ҷамъ будем ва Зоиров баъди ҳама даромада гуфт, ки фикри ӯ дар мавриди номзадии эътилоф дигар шудааст. Зоиров дар ҳузури ҳама аъзои эътилоф гуфт, ки аз номзадии муаллима пуштибонӣ нахоҳад кард. Онҷо баҳсе байни аъзо ба вуҷуд омад, ки танҳо ба хотири ҳифзи обрӯи шахсиятҳо ва ҳамаи мухолифин овардани ҷузъиёти онро лозим намедонам. Вазъият хеле печида буд. Мардум дар толор мунтазири омадани аъзои Шӯрои эътилоф, вале эътилоф дошт аз ҳам мепошид. Нисбати шахсияти Ойниҳол Бобоназарова ҳам хеле хуб намешуд, чун аллакай расонаҳо эълон карда буданд. Вақте назди мардум ҳозир шудем, тарзе суҳбат кардам, ки масъулияти номзадии муаллима бар дӯши мост, агарчӣ аз ҳама охир тарафдории Наҳзат ба эътилоф расид ва он ҳам бо камтарин овоз. Боз ҳам билофосила пас аз эълон ба номзади муштарак ва дигар аъзои эътилоф зарбаҳои сахти матбуотӣ зада шуд, вале мо тасмим гирифтем, ки пас аз чунин ранг гирифтани кор бояд ҷавонмардона рафтор кунем ва ба шарикони худ ҷавоб нагуфта, бо тамоми қувват пуштибонӣ аз муаллимаи гиромӣ кардем.
Умедворам Зоиров ва дигар дӯстон аз ҳизби социал демократи Тоҷикистон гӯшаҳои дигари ҳамкорӣ ва кӯмаки моро ба ин бародарон хоҳанд гуфт, то барои ҳамагон ошкор шавад, ки ҳеч ғаразе вуҷуд надоштааст ва ин зеҳниятҳои бардурӯғ аз байн биравад. Чун, марҳилаи оянда иттиҳод ва ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солиму озодихоҳро талаб мекунад ва ингуна зеҳниятҳо эътимодро заиф месозад.”
20. Иброҳим Иброҳим: “Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, фикр мекунам, ҳатман шумо ҳам пай бурда бошед, ки дар кишварамон аксарият ҳаракати шуморо намехоҳанду қабул надоранд, хусусан дар 6 7 соли ахир. Чаро боз дар чунин шароите, ки бароятон беҳтар шуданаш имкон надорад, пофишорӣ мекунед?”
Муҳиддин Кабирӣ: “Мутаассифона, то ҳол интихобот ё раъйгирии озод дар кишвар сурат нагирифтааст, ки бигӯем аксарият киро мехоҳад ва киро не. Агар аксарият моро намехост, ҳукуматро лозим набуд ин ҳама фишорро болои мо биёрад ва тақаллуб кунад. Кофӣ буд, ки дар як интихоботи озод раъйи аксариятро бигирад ва исбот кунад, ки марудм моро ҷонибдорӣ намекунад. Аммо, тақаллуб дар интихобот ва фишор болои мухолифин маънои онро дорад, ки аксарият бо мост ва аз интихоботи озод метарсанд. Манзурам аз мо, танҳо Наҳзат нест, балки, ҳама нерӯҳоест, ки ҷонибдори як Тоҷикистони озод ва марудмӣ мебошанд.
Аммо, худи ман то он лаҳзае, ки имконият дорам роҳи худро идома хоҳам дод, ҳатто, агар танҳо бимонам. Ҳол онки танҳо нестам ва ҳазорҳо бародарону хоҳарон ошкор ё пинҳон бо мо ҳамкорӣ доранд ва дар оянда бештар хоҳад шуд, иншоаллоҳ. Ман ба ояндаи равшани миллатам бовар дорам ва ин боварӣ нерӯ мебахшад. Ҳеч бовариам намеояд, ки миллати мо бо ин ҳама таърих ва фарҳанг хориву зиллатро тӯлонӣ қабул кунад. Ҳатман рӯзе сар хоҳад бардошт ва барои онки он рӯз наздик шавад, лозим аст, ки касе ҳаракат кунад. Ва ҳечгох интизор ҳам надорем, ки ҳамаи миллат моро ҷонибдор бошад, чун ин имкон надорад. Чунин тасаввурро танҳо диктаторҳо доранд, ки аз нигоҳи онҳо бояд ҳамаи шаҳрвандон онҳоро бипазиранд ва касе мухолиф набошад. Дуогу бошед.
Дар охир, ба ҳама бародарону хоҳарон, ки саволҳои худро фиристоданд, изҳори сипос мекунам ва аз Худованд барояшон сарбаландиву тансиҳатиро таманно дорам. Талош шуд, ки ба ҳамаи саволҳои марбут ба мавзӯъ ҷавоб гуфта шавад. Дӯстон ба мо гуфтанд, ки ин саволҳоро аз байни саволҳо ва комментарияҳои зиёд интихоб кардаанд ва шояд саволи касе аз руйхати масъулин афтода бошад, ки пешопеш узрхоҳӣ мекунам.
Инчунин, комментҳое хам бо таҳқиру тавҳин будааст, ки худи масъулин ҳазф кардаанд ва аз Худованд барои ин дӯстон низ ҳидоят ва ҷалбҳои покро таманно дорам.
Худо мададгор!”
Бознашр аз сомонаи расмии ҲНИТ — nahzat.org