Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро картошка дар Тоҷикистон қиммат шуда буд?

Чаро картошка дар Тоҷикистон қиммат шуда буд?

Ду — се моҳи охир дар бозорҳои кишвар нархи картошка ба авҷи аъло расида, ин ҳолат истеъмолкунандагонро нигарон кардааст. Қисми зиёди картошкапарварон натавонистаанд дар мавсими кишту кор барои коридан бо нархи дастрас картошка дарёфт кунанд.  

Аллакай мавсими киштукори картошка дар аксар манотиқи кишвар гузашта истодааст, вале қисми зиёди майдонҳои картошкапарварӣ бошанд ҳамоно холӣ ва ё ба майдони кишти дигар зироату сабзавотҳо мубаддал гаштаанд.

Солҳои охир ҳарчанд дар бораи ҳосили зиёди картошка дар кишвар оморҳо расонаӣ мешаванд, аммо ҳамоно бозори Тоҷикистонро  Ҷумҳурии исломии Покистон ба картошка таъмин мекунад.

Ба наздикӣ бино ба сабабҳои барфбориҳои зиёд ва баста шудани ағбаи Соланг дар Афғонистон, ки тариқи он аз Покистон картошка ворид мешуд,  ва аз тарафи дигар, дар пайи як таркиши маргбор дар Покистон, марзҳои Покистон бо Афғонистон баста шуд ва интиқоли молу коло ба мушкил рӯбарӯ гардида як муддат ба Тоҷикистон картошкаи покистонӣ ворид нашуд. Дарҳол дар Тоҷикистон  картошка ба як чизи камёб табдил шуда нархи он то ба 6 сомонӣ расид.

 Деҳқонони картошкапарвари тоҷик мегӯянд, хароҷоти парвариши картошка дар бозори Тоҷикистон рақобатпазир нест.

Омилҳои асосии рақобатпазир набудани парвариши картошкаро деҳқонон воридоти зиёди он бо нархи арзон аз Покистон медонанд.

Як бошандаи ноҳияи Деваштиҷ, Ҷумъабой ЯҲЁЕВ ба нашрияи гуфтааст, сабаби асосии ин зимистон қиммат шудани картошка воридоти аз ҳад зиёди картошка аз Покистон охири соли 2015 ва аввали соли 2016 аст, ки деҳқононро аз парвариши картошка дилхунук кардааст.

“Тирамоҳи соли 2015 ва аввали соли 2016 воридоти картошка аз Покистон ба тоҷикистон ба андозае зиёд гардид, ки нархи ҳар килограмм картошкаи ватанӣ то 70 — 80 дирам поин фаромад. Дар деҳа ба он харидор набуд. Чун парвариши картошка сахт заҳматталаб аст, кишоварзон ба ҳам суол карда мегуфтанд:  

— Покистон аз мо дур аст, соҳибкор ҳаққи нақлиёт ва ҳангоми воридот боҷи гумрукӣ месупорад. Пас, чӣ тавр нархи картошкаи покистонӣ бо маҳсулоти мо  рақобатпазир мемонад? Магар дар ин кишвар картошка худрӯй  аст?”

Ҷумъабой Яҳёев афзудааст, “Бесобиқа паст фаромадани нарх ва хароҷотро напӯшондани даромади соф боиси як андоза дилсардии деҳқонон аз шуғли дӯстдошта ва кам гаштани майдони кишти он гардидааст. Ҳамчунин, гарон будани нархи сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ, баланд шудани арзиши нуриҳои кимиёӣ, аз будаш зиёд нишон додани ҳосил дар ҳисоботҳои оморӣ, бо тухмии аълосифат таъмин накардани деҳқонон ва бепарвоии масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба мушкилоти кишоварзон низ ба кам шудани истеҳсоли картошка ва болоравии нархи он сабаб гардиданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар ҳама соҳаҳо истеҳсолот сол ба сол футур карда Тоҷикистон ҳамчу як кишвари истеъмолкунандаи молҳои ғайриватанӣ ва дастнигар боқӣ мондааст. Бо баста шудани марз ё қатъи воридоти ягон маҳсулоте ба Тоҷикистон дарҳол  бозорҳои дохилии кишвар ба бӯҳрон дучор мешаванд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика