Ба хонандагони азиз ваъда карда будем, ки ба зудӣ пардабардорӣ аз ҷиноятҳои мансабдорони тоҷикро оғоз хоҳем кард. Инак бо кӯмаки Худованд ва дӯстону хонандагон мо ба нашри силсиламатолиб оиди ҷинояту хиёнатҳои режими Раҳмонов ва гумоштагонаш дар вазоратҳову вилоятҳо оғоз мекунем.
Аввалин “меҳмон”-и мо Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аст. Ҳарчанд ҳанӯз далоили ҷиноятҳои зиёди ӯро пайдо накардаем, ба хулоса расидем, ки ончӣ пайдо кардаем барои як-ду матлаб кофист ва боқияшро ҳар гоҳ бо кӯмаки Худованду дӯстон дар мақомот пайдо кардем, нашр хоҳем кард.
Шарҳи ҳоли Қодириро намеорем, ба ҳар касе лозим аст метавонад роҳат пайдо кунад. Мо танҳо аз ҷинояту хиёнатҳои ин “намояндаи раисҷумҳур дар вилояти Суғд”, ки ин мансаби давлатиашро ба манбаи даромад ва айшу ишрат табдил додааст, бо арқому далелҳо қисса хоҳем кард.
Абдураҳмон Қодирӣ аз дигар мансабдорони сатҳи миёнаву олӣ фарқе надорад: мансаб барои ӯ бизнес аст, ки бо пул харидааст ва бояд масрафашро бо фоидаи зиёд баргардонад. Ва то замоне, ки сари чамбари як вилояти калон нишастааст аз тамоми хушиҳои ҳаёт, ки тақдир барояш тӯҳфа кардааст, то ҳадди имкон истифода кунад. Дар акси ҳол чӣ аҳамият дорад харидани ин мансаби калон бо он ҳама пул. Нархи мансаби ӯ ҳанӯз бо далели қотеъ собит нашудааст ва мо аз он то расидани далел ҳарф намезанем. Далели ҷиноятҳои зиёди ӯ назди мост ва барои чанд мақола кофист. То он вақт бо изни Худованд далелҳои дигар ҳам хоҳанд расид.
Фурӯши замин
Заминфурӯшӣ, бо вуҷуди доду войи зиёди Раисҷумҳур ва ниҳодҳои интизомиву тафтишотӣ, яке аз асоситарин бизнесҳои ҳокимони маҳаллӣ боқӣ мемонад. Дар дилхоҳ ноҳия ё вилоят як мафияи хурди заминфурӯшӣ фаъолият дорад, ки асосан аз тарафи раиси он идора мешавад.
Дар Суғд ҳам заминҷаллоби рақами аввал раиси он Абдураҳмон Қодирӣ аст, ки ин тиҷорати сердаромадро ба дасти писараш Амир супоридааст. Ӯ бештари заминҳои корами вилоятро зери тасарруфи писараш дароварда, то ҷое пеш рафтааст, ки чанд рӯз пеш дар мавзеъи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (яке аз беҳтарин ҷойҳои ин ноҳия, ки ба шаҳри Хуҷанд часпидааст) 100 гектар заминҳои корами обиро азхуд карда, ҳоло дар ҷустуҷӯи харидор аст.
Аз ЧСШК ба номи Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 110 гектар замини корами обиро азхуд намуда, ба Максим ном нафаре ба иҷора додааст. Ин Ҷамъият замоне колхози овозадори ба номи Ленин буд. Яке аз пешрафтатарин хоҷагиҳо ҳисоб меёфт, ки дар он 20 сол Абдуалӣ Абдуманнонов раисӣ карда буд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз он чанд бор дидан кардааст.
Соли 2014 бо дахолат ва супориши Қодирӣ дар чанд дақиқа маҷлис гузаронида шуда, Улуғбек Маҳмудӣ ном нафаре аз наздикони Қодирӣ ба садри ин Ҷамъият “интихоб” шуд. Ҳамагӣ дар як соли раисӣ, Маҳмудӣ захираҳои ҷамъиятро, ки аз 300 тонна шолӣ, 400 тонна гандум, 200 тонна зардолуи хушк ва равғану сӯзишвории дизелӣ иборат буд, пурра фурӯхта маблағашро азхуд намуд. Худи ҳамон сол ин навраис 50 сола шуд ва ин ҷашни муборакро бо тантана пешвоз гирифт. Ва писараш, ки фурӯши шоливу гандуму зардолуи дуздидашуда бо дасти ӯ сурат гирифта буд ба падараш дар ҳузури мардум як ҷипи кори калон тӯҳфа кард.
Вақте захираҳои ҶСШК тамом шуданд, Улуғбек Маҳмудӣ хост иншооте, ки аз тарафи раиси қаблӣ фурӯхта шуда буданд, баргардонад. Бо гумони ғолиб барои аз нав фурӯхтан. Барои ин кор ба оҷонсии зидди фасод аз болои раиси қаблӣ ариза навишт, аммо оҷонси тасодуфан дуздиҳои худашро ошкор кард. Мудири анбор ва ду корманди дигарро розӣ кунонд ба ивази маблағи калон айбро ба дӯш гиранд ва бо пардохти 200 ҳазор доллар пора (ин рақамро худаш дар як ҷашн ҳангоми мастӣ ошкор кардааст) ва ҷарима барои раҳоии он се нафар, ҷиноятро пӯшонд. Аммо дар рафти тафтишот боз муайян шуд, ки дузд кист. Дар натиҷа кораш боз ба додгоҳ рафт. Аммо ин дафъа ҳам бо дастгирии Қодирӣ аз об хушк баромад ва ба кор баргашт. Баъди шикояти зиёди мардум, Қодирӣ маҷбур шуд ӯро аз вазифа барканор намуда, ба ҷояш нафари дигарро таъин намояд. Ин нафар писари як ҳамкурсаш будааст, ки хеле ҷавон буда, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ доғи судӣ доштааст. Боз мардум шикоят кард ва ӯро ҳам озод намуда, чанд рӯз пеш ҷаласа даъват намуд ва хост боз як нафари дигарро таъин намояд, ки мардум қабул накард.
Дар ҳудуди ҳамин хоҷагӣ писари Абдураҳмон Қодирӣ — Амир чанд қитъаи замин ва иншоотро азхуд кардааст.
Яке аз иншооте, ки Амир ғасб намудааст, идораи ҷанговарони интернатсионалист бо 40 сотих заминаш аст. Ин биноро тавассути биржа ба номи ҷияни Қодирӣ, писарамаш ба расмият дароварда, ҳоло онҷо қаср бино карда истодааст.
Амир ба заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иктифо накарда, ба заминҳои ноҳияи Конибодом ҳам даст дароз кардааст. Айни ҳол дар ин ноҳия иҷора гирифтани замин бе иҷозати Амир, ки нархи гарон дорад, тақрибан ғайриимкон аст. Ҷузъ ин ӯ 1000 гектар заминро дар ин ноҳия азхуд кардааст.
Шаҳраки навбунёди Сайҳун
Дар ноҳияи Зафаробод оҷонсии зидди фасод чанд мошини боркашро дастгир намуд, ки қубурҳои зеризаминии обёрикунии ин шаҳрро, ки қисман истифода намешавад, куҷое бурданӣ буданд. Маълум шуд, ки ин мошинҳо ба Амир тааллуқ доранд ва қубурҳо ба шаҳраки навбунёди Сайҳун бурда мешаванд. Бо дахолати Абдураҳмон Қодирӣ мошинҳо озод шуданд ва қубурҳо бидуни ишколе ба Сайҳун расиданд. Баъдан оҷонсии зидди фасод муайян кард, ки барои обёрии шаҳраки Сайҳун бояд қубурҳои нав харида шаванд, ки маблағаш аллакай ба корхонаи сохтмонии зертобеи мутаалиқ ба Амир интиқол ёфтааст. Аммо ин кор ҳам бо дахолати шахси раиси вилоят рӯйпӯш карда шуд.
Обёрӣ ва канализатсия танҳо даромаде нест, ки раиси вилояти Суғд аз ин шаҳрак мегирад.
Идома дорад