Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМарди худкуш, тӯтии Озода Раҳмон ва як миллион доллару 6 кило тилло

Марди худкуш, тӯтии Озода Раҳмон ва як миллион доллару 6 кило тилло

Субҳи имрӯз бо се хабаре оғоз шуд, ки дар назари аввал ҳеҷ рабте ба ҳамдигар надоранд, вале дар асл баёнгари воқеъияти имрӯзи Тоҷикистон ва як саҳначаи кӯтоҳест, ки ҳар касе онро тамошо кард ба дарки вазъи кишвар ва ҳақиқати ҳоли қишрҳои ҷомеъа хоҳад расид.

Хабари аввал ин буд, ки марде дар назди бинои ҳукумати шаҳри Душанбе хост худро оташ занад. Ҳангоме, ки ба сараш бензин мерехт, муҳофизони бино ва пулиси навбатдор ба тарафаш тохтанд ва ӯ тавонист ба тарафи онҳо ҳам бензин пошад. Вале хушбахтона ба онҳо муяссар шуд ба он мард дарафтода, то фурсат пайдо карданаш гӯгирдро аз дасташ бигиранд. Ин марди бадбахт дарҳол ба идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ интиқол ёфтааст ва мешавад бо итминон гуфт, ки алъон зери мушту лагади муҳофизони амнияти кишвар (хонда шавад Оила) қарор дорад. Чун ҷуръат кардааст амнияти кишвар (Оила)-ро бо ташвиш додани хотири нозуки аъзояш халалдор созад. Барои боздошташ ду нафар ва барои интиқолаш низ ду нафари дигар лозим шуданд ва баъди боздошташ хотири давлатмардон ҷамъ ва қазия фаромӯш шуд ва ҳеҷ расонаи дохилие аз он хабар надод.

Хабари дуввум бошад тӯтии дӯстдоштаи раиси Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳур ва духтарбузурги ӯ (хонда шавад шоҳзодахонум) Озода Раҳмон буд, ки ҳангоми тозакунии навбатии қафасаш фирор кардааст (шояд фикр кардааст вақте дар дохили қафас ин ҳама нозу неъмат муҳайёст, дар берун биҳишт аст). Барои доштан ва баргардонидани ин тӯтӣ кулли кормандони Дастгоҳи иҷроия ва муҳофизони бинои ону гурӯҳи калони пулис сафарбар карда шуданд, чун вуҷуди муборакаш барои кишвар (Оила) аҳамияти хосе дорад. Ҳатто ҷоиза ба маблағи 1000 сомонӣ (ҳади маоши миёна дар Душанбе 800 сомонист) барои боздошткунандаи тӯтӣ эълон шуд (Худо кунад, ки он ба пулиси нозири ҳайкали Исмоили Сомонӣ насиб карда бошад, то ин моҳ аз зоирини ҳайкал 5 сомонӣ напурсад). Билохира, ба бахти баланди тамоми сокинони маркази пойтахт,ин тӯтӣ боздошт шуда ба соҳиби меҳрубонаш баргадонида шуд. Агар ӯро ба ин зудӣ пайдо намекарданд, имкон дошт дар маркази пойтахт вазӯияти фавқулъода эълон шуда, ҳаракати нақлиёт дар он масир мутаваққиф шавад. Тӯтӣ, ки аҳамияти стротежӣ дорад.

Хабари саввум дарёфти беш аз як миллион доллар ва шаш кило тилло (беш аз 300000 доллар бо ҳисоби пулӣ) аз хонаи Фирӯз Холмуродов, раҳбари баъди боздошташ собиқи Раёсати тафтишотии Оҷонсии мубориза бо фасоди назди Раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Як мансабдори сатҳи миёнаи кишвар тавонистааст дар замони фаъолияти 3-4 солааш танҳо бо пули нақдӣ наздик ба якуним миллион доллар дар хонааш ҷамъ оварад. Чӣ миқдор дар хонаи масалан волидонаш пинҳон кардааст, чӣ миқдори дигар дар суратҳисобҳои бонкиаш дорад, албатта пӯшида хоҳад монд, чун он пулҳо ҳатман барои кам кардани мӯҳлати ҳабсаш соҳибони дигар пайдо хоҳанд кард. Аз таҷрибаи кофтукову мусодирае, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон доранд, метавон бо итминони комил гуфт, ки он маблағи нақдии дар хонааш буда ҳам ба маротиб бешатр буда, кофтукобгарон қарор додаанд бинобар камии вақт боқимондаашро дар хонаҳояшон бо кӯмаки ҳамсаронашон ҳисоб кунанд.

Дар ҳамин ҳол як ронандаи таксӣ бинобар аз даст додани ҷои кораш ва аз даст додани умеди дарёфти қути лоямут барои фарзандонаш, меравад ва гардани худро дар назди қасри шаҳрдори Душанбе ва писари Раисҷумҳур (хонда шавад шоҳзода) Рустами Эмомалӣ мезанад ва якеи дига ба сараш бензин мерезад то худро оташ занад. Мутмаинан шумори онҳое, ки аз гураснагӣ ба танг омадаанд ва тайёранд худро дар назди қасрҳои шоҳзодаву шоҳзодахонумҳо оташ ё гардан зананд ба ҳазорҳо мерасад, вале танҳо чизе, ки онҳоро аз ин кор бозмедорад, имонашон ба рӯзи оират ва масъулияташон дар назди зану фарзандонашон аст.

Аз тӯтиву боигариҳои шоҳзодаву шоҳзодахонумҳо бигзарем. Ҳамин як миллиону сесад ҳазор доллари Холмуродов ба ҳазор оила 1300 долларӣ мерасид, ки барои як сол кофӣ буд ва аз садҳо ҳаводиси нохуш пешгирӣ мекард.

Бубахшед, 1300000 доллар аз Холмуродов набуд. Аз ҳамин 1300 хонавода буд, ки як мансабдори нохалаф дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон дуздидааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика