Комиссиюни байналмилалии озодии динии Амрико USCIRF дар гузориши тозаи худ, дируз 26 апрел Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсусан нигаронкунанда” ворид кардааст.
USCIRF дар гузориши ҷадиди худ гуфтааст, дар Тоҷикистон фишорҳо болои фаъолиятҳои динӣ пурзур гашта, рейдҳо ва таъқибҳои оммавӣ баргузор мешавад ва баъзе афрод ба хотири эътиқоду боварии динияшон мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд ва ё зиндонӣ мешавад .
Бар асоси омори ин ниҳод 7.9 миллион аҳолии Тоҷикистон мусулмон буда, бештарашон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Комиссияи мазкур наздики 4 дарсади мардуми Тоҷикистонро пайрави равияи Исмоилия гуфтааст. Ба иттилои манбаъ 150 ҳазор насронии Тоҷикистон пайрави ортодокси русӣ буда, пайравони протестант ва католикҳои романӣ ҳам дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд: “Илова бар ин дар Тоҷикистон камтар аз 300 яҳудӣ, баҳоиҳо, пайравони Ҳаре Кришна ва Шоҳидони Яҳво ба қайд гирифта шудаанд”.
Ба гуфтаи гузоришгарон басташавии масҷидҳо дар Тоҷикистон, манъи масҷидравии шаҳрвандони зери 18-сола беназир буда, аз соли 2009 озодиҳои диниро маҳдуд кардааст: “Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2009 барои гуруҳҳои динӣ маҳдудиятҳои бузург пеш омадааст. Фаъолиятҳои сабтиномнашуда, таълими динии шахсони алоҳида ва таблиғи диниро ҷурм меҳисобад. Теъдоди масҷидҳоро то ҳадди камтарин поён бурдааст. Давлат дар таъини имомхатибон дахолат мекунад. Барои ташкилотҳои динӣ иҷозатномаи махсус лозим буда, нашр ва ворид кардани маводҳои динӣ зери назорати давлат аст»
Комиссиюни байналмилалии озодии динӣ, расман мақоми машваратии раисиҷумҳури Амрикоро низ дорад, тавсия додааст, ки ҳукумати ИМА бояд, “ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёрад то қонуни соли 2009 ва дигар қонунҳои марбутро ба тааҳуддоти байналмилалӣ мутобиқ кунад. Аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунад, ки ворид шудани гузоришгарони СММ дар мавриди озодии диниро иҷозат диҳад. Барои сафорати Амрико шароит фароҳам кунад то парвандаҳои додгоҳии нафаронеро, ки бо фаъолиятҳои динӣ айбдор шудаанд, пайгирӣ кунад. Бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус дар мавриди мубориза бо терроризм, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, кор кунад”.
Ин комиссия дар баробари Тоҷикистон, Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Узбакистон, Туркманистон пешниҳод кардааст, ки имсол Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Нигерия, Покистон, Русия, Сурия ва Ветнам низ ба рӯйхати кишварҳои махсус нигаронкунанда ворид карда шаванд.
Ин комиссия, ки соли 1998 бо қарори Конгрес ташкил шуд, ҳамасола барои раисиҷумҳури Амрико, Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони ин кишвар тавсияҳо таҳия мекунад ва расман мақоми мушовириро дорад.