Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоМуҳоҷирони тоҷик минбаъд барои пулёбӣ ба Қатар мераванд?

Муҳоҷирони тоҷик минбаъд барои пулёбӣ ба Қатар мераванд?

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тибқи дафтари матбуотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ҷаласа дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода гузориш додааст.

Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти созишномаи мазкурро дар танзими қувваи кории Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъкид карда, роҳбарони сохторҳои масъули мамлакатро вазифадор намудааст, ки барои ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Президент таъкид кардааст,  ки имзои ин созишномаи ҳамкории дар сатҳи роҳбарони ду давлат мувофиқа гардида, метавонад дар оянда муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду тавсеаи бештар бахшад.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир муносибати Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ рӯ ба беҳбудӣ аст. Сохтмони  масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки бояд соли оянда мавриди истифода қарор гирад бо сарфи муодили тақрибан сад миллион доллар, сармояи давлати Қатар ва Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.

Аммо дар байн ба хотири ошкор шудани истифодаи ғайри мақсадноки сармояи барои масҷид ҷудокардаи давлати Қатар, як муддат сохтмони ин масҷид таваққуф карда буд.

Ҷустуҷӯи роҳи муҳоҷират ба суи кишварҳои арабӣ иқдоми нав набуда, собиқ роҳбари ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ наздик ба 15 сол пеш аз ин, ҳини як сафараш ба кишварҳои арабӣ, ҷиҳати дарёфти ҷои кор барои садҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ба мувофақа расида буд. Аммо ин иқдом ҳамонвақт аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум дастгирӣ наёфта буд.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика