Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҳошияи сафари ахири худ ба Лаҳистон, ки барои ширкат дар ҳамоиши “Чаро тоҷикон аз кишварашон фирор мекунанд?“ ташриф оварда буд, бо чанде аз рӯзноманигорони маҳаллӣ низ суҳбат кард. Раиси ҲНИТ дар сӯҳбат бо ин расонаҳои лаҳистонӣ гуфт, ки чаро ҳизбашро мамнӯъ эълон карданд ва чӣ гуна мешавад аз ифротӣ шудани муҳоҷирини кишварҳои исломӣ пешгирӣ кард .
Рӯзномаи “Gazeta Prawna”-и Лаҳистон низ мусоҳибае бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ анҷом дода, нахуст аз раиси ин ҳизби исломӣ пурсидааст, ки марҳилаи нави фишору таъқибҳои мақомоти Тоҷикистон болои онҳо кай ва аз куҷо оғоз шуд?
Муҳиддин Кабирӣ:-Ҳарф аз интихоботи порлумонии соли 2010 аст. Бар асоси гуфтаҳои нозирони байналмиллалӣ, ҳизби мо аз ҳизби ҳоким раъйи бештар гирифт, ҳарчанд расман ба мо ҳафт дарсади раъйҳо дода шуд ва ду курсӣ дар порлумон гирифтем. Ҳукумат бо дарки ин воқеиятҳо дарк кард, ки дар симои ҲНИТ мухолифини қавие дорад ва маъракаи беобрӯсозии ҳизбро шурӯъ кард. Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар соли 2011 бо имзои президент Эмомалӣ Раҳмон Протоколи махфиеро таҳти рақами 3220 қабул кард, ки ҳадаф аз он протокол тазъиф ва аз байн бурдани ҲНИТ буд. Ин протокол ба дасти мо расид ва дар расонаҳои русӣ нашр шуд. Баъди ин фишору таъқиби ҳукумат шиддат гирифт ва фаъолияти ҲНИТ марҳила ба марҳила фалаҷ гашт. Дар ин раванд хеле аз фаъолони мо боздошт ва зиндонӣ шуданд ва баъд аз интихоботи соли 2015 ҲНИТ-ро мамнӯъ эълон карданд.
Gazeta Prawna:-Шумо муваффақ шудед аз кишвар хориҷ шавед, вале муъовинони Шумо дар дохил монданд. Чӣ болое сарашон омад?
Муҳиддин Кабирӣ:-Ҳарду муъовинони мо ҳукми абад гирифтанд. Пеш аз боздошт ба онҳо пешниҳод карданд, то ошкоро маро маҳкум кунанд ва дар иваз ба онҳо на танҳо озодӣ, балки сарват ва мансабҳои ҳукуматӣ хоҳанд дод. Аммо ҳардуяшон ин пешниҳодҳоро рад карданд. Ба ҳамин хотир ҳоло онҳоро дар инзиво нигаҳ медоранд ва ҳаққи дастрасӣ ба табиб, адвокат ва наздиконашонро надоранд. Наздики 30 нафар аз аъзои Раёсати Олии ҲНИТ аз 15 то 28 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Дар маҷмӯъ мақомоти кишвар наздик ба 200 нафар аз фаъолони ҳизби моро зиндонӣ карданд.
Gazeta Prawna:-Бо кадом далел?
Муҳиддин Кабирӣ:-Ин фаъолони ҳизби моро бо иттиҳомоти мухталиф, аз қабили даҳшатафканӣ (терроризм), ифротгароӣ ва фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам ва зиндонӣ карданд.
Нуқтаи ҷолиб инҷост, ки аввал раҳбарони ҳизб дар замони доштани фаъолиятҳои қонунии он боздошт шуданд ва сипас ҳизбро Додгоҳи Олӣ мамнӯъ эълон кард.
Gazeta Prawna:-Оё Тоҷикистонро терроризм таҳдид мекунад ?
Муҳиддин Кабирӣ:-Чунин таҳдиде барои ҳамаи минтақа вуҷуд дорад. Аммо то соли 2015 Тоҷикистон аз ин ҷиҳат нисбатан амн буд ва баъди соли 2015 вазъият якбора бад шуд.
Gazeta Prawna:-Чаро бад шуд ва чӣ иттифоқе афтод?
Муҳиддин Кабирӣ:-Бештари ҷавононе, ки бовар доштанд бо роҳҳои мусолиматомез метавонанд бо диктаторҳо мубориза бибаранд, баъд аз бастани ҳизби мо дар соли 2015 ин умедро аз даст доданд ва бар ин натиҷа расиданд, ки тағйири вазъият танҳо бо равишҳои хушунатомез имконпазир аст на бо роҳҳои қонунӣ ва мусолиматомез. Ба ин хотир вазъият бад шуд!
Gazeta Prawna:-Чӣ боис шуд, ки мавҷи муҳоҷирони собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ба Урупо сарозер шавад?
Муҳиддин Кабирӣ:-Афзоиши саркӯби мақомот боиси мавҷе аз муҳоҷират гаштааст ва қисме аз онҳо саъй доранд ба Лаҳистон низ ворид шаванд. Дар байни онҳо аъзои ҲНИТ низ ҳастанд. Барои мисол, раиси Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ чор моҳ аст талош дорад, то аз марзи Лаҳистон убур кунад. Ӯ далелҳои муваҷҷаҳе дорад, ки ба сабабҳои сиёсӣ тарки кишвар кардааст. Ман намефаҳмам чаро паноҳандагии ӯро қабул намекунанд? Мо мехоҳем ҷомеъаи шаҳрвандии Лаҳистон ба ин қазия таваҷҷӯҳ кунад.
Мо ҷонибдори он нестем, ки муҳоҷирини иқтисодӣ худро паноҳандаи сиёсӣ муъаррифӣ кунанд ва аз ин фурсат сӯистифода кунанд. Мо як равише эҷод кардаем барои додани гувоҳиномаи ҳуввияти ҳизбӣ, ки ҳар фард аз се марҳалаи шиносоӣ ва санҷиш убур мекунад. Мо барои ҳифзи эътибор (имидж)-и ҳизб талош мекунем.
Gazeta Prawna:-Мақомоти Лаҳистон мегӯянд онҳо аз тарси ифротиҳо намехоҳанд дарҳоро боз кунанд, чун хелеҳо аз Осиёи Марказӣ дар Сурия дар суфуфи ДОИШ меҷанганд.
Муҳиддин Кабирӣ:-Ман ин истидлоли мақомоти Урупоиро дарк мекунам. Вале мо бояд байни ифротиҳо ва инсонҳое, ки ба далоили сиёсӣ паноҳанда шудаанд, фарқ гузорем. Мо бояд бо мақомоти Урупоӣ ҳамкорӣ кунем. Ҳамчунин мо намехоҳем муҳоҷирини мо чеҳраи ифротии хашин дошта бошанд. Ҳамалоти охире, ки дар Урупо аз ҷониби афроди хос сурат гирифт, зарбаи шадиде ба манофеъи ҳамаи муҳоҷирон ворид кард. Ҳамлаҳои террористие, ки дар Санкт-Петербург, Стамбул, Стокҳолм аз ҷониби сокинони Осиёи Марказӣ анҷом шуд, ба зарари мо низ анҷомид.
Ифротиҳо суроғи касоне мераванд, ки таълимоти дурусти исломӣ надоранд. Мо бояд муҳоҷиронро омӯзиш диҳем, то онҳо қонунҳо, фарҳанг ва урфу одатҳои маҳаллиро риъоят кунанд ва ба онҳо кӯмак кунем то зудтар бо ин ҷомеаҳо ва муҳити нав унс бигиранд.
Аз тарафи дигар бояд нишон дод, ки исломи воқеъӣ дини сулҳ ва таҳамулпазирӣ аст ва он рафторе,ки гуруҳҳои ифротӣ доранд,ба ислом рабте надорад.
Бознашр аз сайти расмии