Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҲукумате, ки қодир ба таъмири як паскӯча нест. Ё дарки Раҳмон аз...

Ҳукумате, ки қодир ба таъмири як паскӯча нест. Ё дарки Раҳмон аз хазинаи давлат

Дафтари матбуоти Раисҷумҳур бо ифтихор аз “иқдоми” чанд соҳибкор хабар додааст, ки “довталабона” ҳозир шудаанд 70 километр роҳҳои пойтахтро таъмир кунанд. Албатта ҳар иқдоми хайре боиси қадрдонист, агар он иқдом воқеъан довталабона аст ва ба дӯш гирифтани масъулияти давлат нест.

Ин манбаъ аз се соҳибкор ёд кардааст, ки яке таъмири 40 ва дӯи дигар ҳар кадоме 15 километрӣ таъмири роҳҳои пойтахтро дар солҳои ҷорӣ ва оянда ба ӯҳда гирифтаанд. Ҷолибтар аз “иқдоми” соҳибкорон ва ифтихори дафтари матбуотии раҳбари кишвар аз он, аксҳое аст, ки ин ниҳод нашр кардааст. Дар он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон бел дар даст дар таъмири ин роҳҳо саҳм мегиранд. Бале, ин ягона саҳмест, ки ин ду дар “пешравиҳои назарраси” кишвар гирифта метавонанд: бо белу каланд аксбардорӣ кардан дар пешманзари сохтмону киштзорҳо ва буридани лентаҳои иншооте, ки аз ҳисоби дигарон сохта мешаванд.

Дар ҳоле, ки солона аз мардум садҳо миллион доллар андози роҳ ситонида мешавад, давлати Тоҷикистон қодир ба сохтани як роҳ нест ва масъулияти роҳсозӣ, ки вазифаи ҷонии як давлат аст, ба дӯши соҳбкорон афтодааст ва бечора соҳибкорон ҳар замон сохтани роҳеро “довталабона” ба дӯш мегиранд. Он садҳо миллион доллар куҷо меравад, нуқтаи охири исташ кадом суратҳисоб аст маълум нест ва давлат ҳам давоми 25 соли истиқлолият боре аз он гузориш надодааст.

Ҷолибтар ё мусибатноктар аз ин дарки раисҷумҳури кишвар аз вазифаи давлату худаш аст. Як суханронии ӯ дар Кангурт оиди роҳсозии давлат ва соҳибкорон мавҷуд аст ва ҳар касе то ҳол онро тамомшо накардааст, лутфан тамошо кунад. Дар он Эмомалӣ Раҳмон бо як фахри мутакаббирона мегӯяд “ман се километр роҳ сохтам, канӣ акнун срҳибкорон ҳам ғайрат кунанду давомаша созанд”. Яъне ин мардак роҳеро, ки аз ҳисоби давлат ва сарфи қисми хеле кӯчаки ҳамон садҳо миллиони аз мардум ҷамъоваришуда сохта шудааст, ба худаш нисбат медиҳад ва заррае шарм намедорад.

Ин ду сабаб дошта метавонад: ё ӯ аслан эҳсоси шармро надорад ва ё воқеъан фикр мекунад, ки давлат, хазинаи он, аз ҷумла андозҳои аз мардум ҷамъшуда моли шахсии ӯст. Вале дар ҳамин ҳол агар ӯ воқеъан ҳеҷ эҳсоси шарм надорад (ки мо ҳам ба ҳамин бовар ҳастем) ҳади ақал имиҷи роҳбари давлат ба ӯ иҷоза намедод, ки як чунин ҳарферо ба забон орад.

Пас ӯ воқеъан ба ин назар аст, ки давлат ва хазинаи он моли шахсии ӯст. Шояд он садҳо миллион андози роҳ ҳам ба суратҳисоби шахсиаш мераванд?

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика