Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон “Ховар” зери унвони “Наҳзатиҳоро аз Туркия ронданд” хабареро ба нашр расонда буд, ки баъдан онро чанд расонаи дигари давлативу хусусӣ бознашр карданд.
Аммо маълум шуд ин “хабар”-и хабаргузории расмии Тоҷикистон, ки ҳамаи хабаргузориҳо ва ВАО муваззаф шудаанд хабарҳоро аз ин ниҳод дастрас кунанд, дурӯғи навбатӣ будааст.
Ин ниҳод бо истинод ба як корманди вазорати корҳои дохилии Туркия навишта буд: “Мақомоти Туркия аъзоёни созмони мамнӯи ҲНИТ-ро аз Ҷумҳурии Туркия бадарға намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ “Ховар” бо истинод ба корманди Вазорати корҳои дохилии Туркия Алӣ Азизоғлу хабар дод.
Мақомоти Туркия таърих, фаъолият ва сохтори ҲНИТ-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҲНИТ воқеан ҳам ба Ҷумҳурии Туркия хатари ҷиддӣ дошта, аз “созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен фарқе надорад”. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ҳама гуна табаддулот ва амалҳои террористиро маҳкум менамояд.”
Аммо раҳбари созмони “Adalet platformu”-и Туркия Адем Чевик бо пахши як баёния дар ин иддаои “Ховар”-ро дурӯғи маҳз ва “дезинформатсия” хондааст. Дар баёнияаш, ки таҳти унвони “Дезинформатсия аз диктотурии Тоҷикистон” нашр шудааст, Адем Чевик мегӯяд ин хабар на танҳо ҳеҷ асосе надорад, балки дар вазорати корҳои дохилии Туркия аслан ҳеҷ нафаре бо ному насаби Алӣ Азизоғлу вуҷуд надорад.
Ин маълумотро раҳбари созмони “Adalet platformu” бо муроҷиъати расмӣ ба Вазорати корҳои дохилаи Туркия дарёфт кардааст. Тибқи иттилои ӯ дар вазорат гуфтаанд ин хабар на танҳо дурӯғ аст, балки бо сиёсати раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Таййиб Урдуғон, ки эълон кардааст аз ҳамаи мазлумони мусалмон дифоъ хоҳад кард, мухолиф аст.
Паём.нет тасмим гирифтааст ба масъулини ҲНИТ ҳам дар ин мавзӯъ мусоҳибае анҷом диҳад, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд.