Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоРустами Эмомалӣ сокинони як биноро аз офтоб маҳрум кард

Рустами Эмомалӣ сокинони як биноро аз офтоб маҳрум кард

Ба наздикӣ телевизиони давлатӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нишон доданд, ки чи хел «Пешвои миллат» бо писараш як роҳакеро дар шаҳри Душанбе асфалтпӯш мекунанд. Зимнан хабар доданд, ки маблағгузории таъмири роҳро ду соҳибкор ба ӯҳда мегиранд.

Дар саҳнаи навбатии таблиғотии «Пешвои миллат» як чиз барои аксари тамошобинон пинҳон монд. Чаро маҳз роҳи кӯчаи Турдиев, ки ҳамагӣ тақрибан 500 метр аст, аз нав асфалтпӯш мешавад ва ба инъикоси ин гӯё як таъмири аз рӯи миқёс хеле хурд тамоми ВАО кишвар сафарбар шуда, худи «ПМ» бо писару аҳли рикобаш «ташриф» меоварданд.

Сокинони Душанбе медонанд, ки аксари кӯчаҳои пойтахт таъмирталабанд, ва ба ғайр аз кӯчаҳои марказӣ ҳама ҷо вайрониву ахлоту бенизомӣ пур ба чашм мерасад. Ҷавоби ин савол осон аст. Гап сари он аст, ки кӯчаи Турдиев дар назди қасри Рустами Эмомалӣ, ки онро ба наздикӣ ба чандин миллион доллар сохтанд, ҷойгир аст. Табиист,  писари раисҷумҳур, ки ба наздикӣ боз раиси шаҳри Душанбе шуд, намехоҳад  роҳҳои вайрон дар назди қасраш табъашро хира кунанд. Бино бар ин мисли пештара соҳибкоронро маротибаи дигар «грузит» карданд ва он роҳакро асфалтпӯш карданд. Вагарна дар Душанбе роҳҳои харобтар хеле зиёданд, хусусан дар микрорайонҳо, ки эҳтиёҷ ба таъмири ҷиддӣ доранд.

Паҳлӯи дигари ин ҳодиса, ки як дафъаи дигар беадолатии режими худкомаро нишон медиҳад, маҳрум кардани сокинони биное, ки дар назди қасри раиси шаҳр ҷойгир аст, аз нури офтоб мебошад. Гап сари он аст, ки дар назди қасри писари «ПМ» як бинои дуқабатаи истиқоматии кӯҳнаи каркасӣ ҷойгир аст, ки тирезаҳояш ба кӯчаи ҳамшафати қасри Рустам менигаранд. Сокинони бинои мазкур бисёр умед доштанд, ки ба баҳонаи таъмири кӯчаҳои атрофи қасри раиси шаҳр лоақал фасади бинои онҳо ҳам таъмир мешавад. Бехбабар аз он ки пешвои онҳо ба умедҳои онҳо туф кардааст. Ва барои он ки симои он хонаи куҳнаи каркасӣ табъи нозуки писари пешвои миллатро хира накунанд, медонед чи кор карданд? Дар пеши тирезаҳои он бино як девори баланд сохтанд. Акнун он сокинони бечора, ки бе ин ҳам дар шароити бад зиндагӣ мекарданд ва ҳаёташон дар ҳақиқат торик буд, акнун «ба шарофати» ҳамсоягӣ бо “пешвозода” аз нури офтоб ва лаззати аз тиреза дидани кӯчаи зебо маҳрум шуданд ва даруни хонаҳои хурди каркасии он бечораҳоро торикии пурра фаро гирифт. Дигар хел карда гӯем, бинои мазкур ва сокинони онро ба гето мубаддал карданд, бале, гетои тоҷикӣ.
Бо дарду алами зиёд, гурӯҳи ҷавонони шаҳри Душанбе

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика