Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоШикастҳои пай дар пайи Раҳмон аз ҲНИТ дар арсаи байналмилал

Шикастҳои пай дар пайи Раҳмон аз ҲНИТ дар арсаи байналмилал

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳизбе аст, ки аз даҳаи 70 асри 20 бо ҳиммати Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ бунёдгузорӣ ва дар даврони шӯравӣ аз ҷониби ҳукумати вақт ба расмият шинохта шуд ва танҳо ҳизби сиёсӣ-динии шӯравӣ ном гирифт, ки пайдоиш, муборизот, расмият ёфтан дар шӯравӣ ва идома ёфтани он дар замони пасошӯравӣ ҷаҳонро ба ҳайрат дароварду ҷомеаи ҷаҳонӣ ночор шуд вуҷуд ва фаолияти ин ҳизбро эътироф кунад ва дар даврони пасошӯравӣ онро аз қавитарин ҳизби сиёсӣ-динии Осиёи Марказӣ бипазирад ва вуҷудашро сабаби эътидоли сиёсии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи ОМ эътироф кунад.

Вуҷуди ин ҳизб барои бисёре аз сиёсатмадорони тоза ба даврон расида монеъе бузурге барои расидан ба шаҳватҳову зиёдахоҳиҳову қудратталабиҳо буд, ки намегузошт хостаи худро амалӣ кунанду ба аҳдофи палидашон бирасанд. Ба ҳамин хотир тавассути ин сиёсатмадорони тоза ба даврон расидаи ҳарис, барномарезиҳое сурат гирифт, то ин ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ ва динии Тоҷикистон ва кишварҳои ОМ билкул барчида шавад. Тавтеаҳое дар ин росто яке пас аз дигарӣ анҷом гирифт ва билохира, пас аз ҳодисаҳои сентябри 2015 ва сохтакории сиёсие ки режими Раҳмон тарҳрезӣ кард, авохири сентябри 2015 тавассути додситонии Тоҷикистон экстримистӣ ва террористӣ эълом шуд ва фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ ва шӯрои сиёсатгузории он бо ноодилонатарин шева ба ҳабсҳои тӯлонӣ ва абад маҳкум ва дигар аъзои аслии он ба кофтукоби пулиси байналмилал дода шуданд.

Режими Раҳмон бо боздошти тане чанд аз аъзои аслии ҲНИТ ва фишор бар оилаҳои ҳизбиҳо ва экстримистӣ эълом кардани он ва дар ҷустуҷӯи байналмилал қарор додани аъзои он гумон кард, ки нафаси ҲНИТ-ро қатъ карда, аз байн бурдааст, аммо ғофил аз ин ки “чароғеро ки Эзад барфурӯзад, ҳар он кас пуф кунад ришаш бисӯзад,  муддаъӣ хост аз бех канад решаи мо, ғофил аз ин ки Худо ҳаст дар андешаи мо” ҲНИТ як ҳизб нест, балки як идеологӣ ва як мактаб аст, гарчӣ барои муддате тавонанд арсаро бар ҳизб танг кунанд, аммо ҳаргиз наметавонанд идеология ва мактабро аз байн баранд. Идеологияи ҲНИТ сабаб шуд, ки фаъолияташро дар берун аз марзҳои Тоҷикистон давом диҳад ва корро ба ҷое расонад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилал беобрӯ сохта, шахсияти палиду диктаториашро дар ҷаҳон фош намоянд ва хоста нохоста таҳсини вобастагони режими Раҳмонро барангезанду мақомоти Тоҷикистон яке пас аз дигарӣ шикасти стратегияи режими Раҳмонро бо сипарӣ шудани чизе бештар аз як сол аз эъломи экстримистии ҲНИТ бипазиранду бар он муътариф бошанд.

Эътирофи душман бар шикаст нишон аз фурӯпошӣ ва азбайнравии он аст, вагарна ҳеҷ душмане ҳаргиз шикастро намепазирад ва то ҷое имкон дорад бар он сарпӯш мегузорад, аммо чун дид, ки дигар ҳеҷ фоидае надорад, ночор шикастро эътироф мекунад. Далели ошкор бар қабули шикасти стратегии Раҳмон дар арсаи байналмилал аст, ки созмонҳои байналмилалӣ аз қабили HRW, NHC, AHRCA, ONCHR иқдоми Раҳмонро нақзи ҳуқуқи башар ва озодии баён хонда, аз ӯ хостанд, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ накунад.

Режими Раҳмон аз ҳаводиси сентябри 2015 инҷониб дар арсаи байналмилал аз ҲНИТ пай дар пай шикаст хӯрда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто аз ИДМ ва СПАД ки ҳамкории зиче бо онҳо дорад ноумед шудаасту забони эътироф бар шикасти худ кушода, аз дарун пушаймонии амиқ онро фаро гирифтааст. Зеро интиқодоти фаровони рӯзафзуне алайҳи Раҳмон аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мухталиф бар ӯ ворид мешаванд, ки чеҳраи ӯро дар ҷаҳон махдушу беобрӯ месозад. Аз ин рӯ 31.03.2017 додситони кулли Тоҷикистон бар пирӯзии ҲНИТ алайҳи Раҳмон дар арсаи байналмилал эътироф мекунаду мегӯяд ки ҲНИТ, ҳукумати Раҳмонро дар ҷаҳон беобрӯ сохта, аз нуфузаш ҷилавгирӣ мекунад. Интерпол на  танҳо хостаи режими Раҳмонро напазируфт, балки акси хостаи режими Раҳмон амал кард. Режими Раҳмон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои ҲНИТ-ро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доду истирдодашонро хостор шуд, аммо Муҳиддин Кабирӣ на дастгир шуд ва на ба Тоҷикистон истирдод шуд, балки ҳатто паноҳандагии сиёсии Аврупоро гирифт, ки тааҷҷубу ҳайрату хашми режими Раҳмонро даровард, ки аз иқдоми Аврупо ва интерпол дар буҳту ҳайрату хашм фурӯ рафтаанду чорае ҷуз эътироф надоранд.

ҲНИТ дар ду соли ахир гирдиҳамоӣ ва тазоҳуротҳоеро дар кишварҳои аврупоӣ ташкил дод, ки барои ҷаҳониён шахсияти диктаторӣ ва ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон (ки пеш аз ин махфӣ буду ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он бехабар буд) ошкор шуду аз он пас интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ алайҳи ӯ зиёд шуда, беобрӯ гашт. Ахиран ИМА Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони Тоҷикистонро комилан фосид хонд ва дар гузорише ки як ҳафта пеш департаменти ИМА онро пахш кард, бар фасод, зулм, ҷиноят, бесаводӣ ва диктатории Эмомалӣ Раҳмону оила ва атрофиёну мансабдорон ба хусус фасоди додгоҳи Тоҷикистонро таъкид кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавобе ба гузориши департаменти ИМА надодаанд ва сукут аломати дуруст будани гузориш асту Раҳмону атрофиёнаш дигар тавоноии махфӣ кардани айбҳою ситамҳою фасодро надоранду ночор ба он эътироф мекунанд.

Пазируфтани шикасти пай дар пайи режими Раҳмон аз ҲНИТ ва эътироф ба он тавассути додситону дигар мақомҳои давлатӣ, ки намунааш изҳороти Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31-уми март дар нишасте дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар Душанбе мебошад навидбахши ғалабаи ҲНИТ бар режими Раҳмон дар арсаи байналмилал аст ва умеди он меравад, ки хабарҳои хуше мардуми ҷабрдидаи Тоҷикистонро дар интизор аст.

Ҷамшеди Хатлонӣ   

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика